РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

02 март 2026, Душанбе
4


Отахон Латифӣ хатмкардаи факултаи журналистикаи Ленинград (Санкт-Петербург), мухбири рӯзномаву марказҳои иттилоотии дар қарни бист басо машҳури «Комсомолская Правда», «Правда», «Союз-Жизнь», «Известия», АПН ба шумор рафта, навиштаҳояш шуҳрати зиёд дарёфта, бо забонҳои зиёди олам тарҷумаю мунташир гардидаанд. Латифӣ муаллифи филмҳои зиёди мустанад низ ба шумор мерафт доир ба Тоҷикистон ва хосса доир ба «Эстафетаи коргарӣ» ва доир ба сохтмонҳои бузурги неругоҳҳои «Норак», «Бойғозӣ» ва «Роғун».


Маҳз вай аз ташкилкунанда, танзимгар, пайвандгар ва тарғибгари «Эстафетаи коргарӣ» дар байни корхонаҳои бузурги собиқ Иттиҳоди Шуравӣ буд, ки боис гардид сохтмони неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» суръат бигирад. Аз ин боис Латифиро «Шаҳрванди ифтихории шаҳри Норак» эълон карда, қатори бунёдгаронаш бо ордену медалҳои Иттиҳоди Шуравӣ мукофотонда буданд.
Дар музокираи сулҳи тоҷикон талошҳои зиёд ба харҷ медод, то ниҳоят ба ҳамдигарфаҳмии тарафҳо расида шавад. Устод Латифӣ чанд вақт муовини Сарвазири ҷумҳурӣ ва раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хидматҳои Латифиро бо ордени Шараф ва медали Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ қадр кардаанд.
Дар Тоҷикистон Ҷоизаи ба номи устод Латифӣ арзи ҳастӣ кардааст, ки онро як зумра журналистон соҳиб шудаанд.
Латифӣ узви Конфедератсияи байналхалқии журналистон, Конфедератсияи байналхалқии кинематографистони ИДМ ва Балтик, узви Иттифоқи нависандагон буд. Асарҳояш «Белый осень», «Рӯзгори соҳибдилон» (дар ҳамқаламӣ бо Абдурофеъ Рабиев), «Люди и вершины» нашр шудаанд.
Нигоштаҳои Отахон Латифӣ (1936-1998) дар тули солиёни зиёд дилу дидаи миллионҳо одамонро ба завқу ҳаяҷону шефтагӣ мекашиданд ва мақолаҳои пурарзиши вай, ки дар рӯзномаҳои марказии «Правда», «Комсомольская правда» ва дигар нашрияҳои оммавӣ ба чоп мерасиданд, моломол буданд аз муҳаббат ба замини падарон, аз муҳаббат ба одамони соҳибдилу боистеъдоди Тоҷикистон ва ин нигоштаҳо, дар ун айём, то ҳадде кишвари тоҷикро дар арсаҳои паҳно шуҳратёр медошт…
Баъди даргузашти Латифӣ ёдбуди вай борҳо дар Тоҷикистон, Эрон ва Федератсияи Россия бо тантана таҷлил шудааст.


Абдурофеъ РАБИЗОДА, адиб

Санаи нашр: 02.03.2026 №: 41