ПАЁМ. АЗ ЭҲЁИ ХЕШТАНШИНОСӢ ТО ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 16-уми декабри соли 2025 боз як ҳуҷҷати муҳими сарнавиштсоз дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Он дар баробари арзёбӣ ва баррасии натиҷаҳои кӯшишу талошҳои ҳадафмандонаву пурсамари давлату Ҳукумат ва мардуми кишвар дар давоми як соли сипаригардида, дар маҷмуъ хулосаҳо ва бардошти оқилонаи Сарвари давлатро аз марҳалаи ҷиддии таърихи навини мо, поягузории истиқлол ва таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, азму ниятҳо ва ормонҳои ҳамагонӣ, инкишофи иқтисоди кишвар, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихи илму адаби тоҷикон, зарурати посдорӣ ва тақвияти ҳувияти миллиро фаро мегирад.
Пешвои миллат соли 2026-ро Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон намуданд. Ин пешниҳод ҳар як сокини кишварро ба дарки масъулияти олӣ дар бораи шинохти асли худ, хиради азалӣ, шукргузорӣ аз Ватани маҳбубу миллати шуҳратманд ва сохтани ояндаи дурахшон ҳидоят мекунад.
"Ман ба ояндаи неку дурахшони Ватани соҳибистиқлоламон ва иродаи қавии мардуми заҳматпешаву сарбаланди он эътимоди комил дорам". Пешвои миллат бо ин гуфтаи пурҳикмат таваҷҷуҳи сокинони кишварро ба масъалаҳои муҳими давру замон ва ҷанбаҳои гуногуни кору зиндагӣ ҷалб намуданд. Ҳисси муҳаббат ба марзу буми аҷдодӣ, посдорӣ ва эҳтироми муқаддасот, талошҳо ва кӯшишҳо ба хотири созандагӣ, ободӣ, шукуфоӣ аз муҳимтарин нишонаҳои ватандорӣ мебошанд. Ин мазмун ҷавҳари ҳар як сархати Паём буда, дидгоҳи пиру барноро равшан, умеду орзуҳоро дар дили сокинони кишвар бештар гардонд.
Аслан, дар марҳалаи ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) тақозои замон аст, ки ҳар як қавму миллат мехоҳад, асолату ҳувияти хешро посдорӣ ва ҳифз намояд ва нагузорад, ки рахнаҳое дар девори фарҳанги бумӣ падид ояд, зеро ҳар рахна нишонаи шикаст ва фурӯпошии ногузир мебошад.
Покмарзи суғдиён бо баёзи заррини таърихаш, бо шоирону нависандагон, олимон, хирадмандону фозилонаш дар саросари дунё шуҳрат дорад. Ҷаҳониён ин куҳандиёрро ҳамчун гаҳвораи қофиласолори адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мешиносанд ва ба ин сарзамини шоирхез, ба диёри ҳунармандони асилу номвар, ба косибону кишоварзону фарҳангиёни баргузидааш, ба мардуми меҳмондӯсту меҳмоннавозаш эҳтиром доранд. Чунин хислату бузургии фарзандони диёр дар ин рӯзҳои омодагии ҳамаҷониба ба муносибати Ҷашни фархунда – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бармало дида мешавад. Моҳи декабри соли 2025 дар шаҳри Панҷакент баргузор шудани Фестивали байналмилалии сӯзанӣ ба муносибати ҳамчун "Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ" эътироф гардидани шаҳр аз ҷониби Шурои ҷаҳонии ҳунармандӣ далели равшани ин гуфта мебошад. Президенти мамлакат дар Паёмашон ба арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон баҳои баланд дода изҳор доштанд: «Аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун "Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ" ва бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад". Ин гуфтаҳо боиси ифтихори миллии ҳар тоҷику тоҷикистонист. Ин баҳои баланд ба меҳнату эҷоди 2500 нафар сӯзанидӯзон ва кулли ҳунармандону сокинони Панҷакент – ин шаҳри бостонӣ ва тозаунвони ҷаҳонист.
Бо такя ба таъкидҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси арҷгузорӣ ба ҳунарҳои мардумӣ моро лозим меояд, ки ин иқдоми некро дастгирӣ намоем ва тарғибу ташвиқи манзараҳои зебои диёр, табиати афсункори Тоҷикистонро тибқи расму оини тоҷиконаи худ ба роҳ монда, диққати саёҳонро ҷалб намоем. Ҳар як сайёҳи ба кишвар воридшударо бо туҳфае ва бо хотираи неке гусел кунем. Аз ин рӯ, бояд ҳунарҳои мардумиро ҳифз карда, барои равнақу ташаккули онҳо шароити созгор муҳайё намуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба шаҳри Панҷакент дар моҳи июли соли 2025 ба мақоми шаҳри Панҷакент баҳои баланд дода, изҳор доштанд: "Дар тули ҳазорсолаҳо Панҷакент дар масири Роҳи бузурги абрешим мақоми намоён дошта, дар ривоҷи муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мардуми сарзаминҳои ҳамҷавор саҳми бисёр арзишманд гузоштааст.
Шаҳри бостонии Саразм, ки бо таърихи зиёда аз 5500-сола маркази тамаддуни шаҳрсозӣ, ҳунармандӣ ва кишоварзии тоҷикон ба шумор меравад, дар ҳудуди ин шаҳр ҷойгир шудааст".
Зимни вазифагузориҳо оид ба рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, ободонии деҳоту маҳалҳои зист Сарвари давлат гуфтанд: "Бовар дорам, ки сокинони сарбаланди шаҳри Панҷакент минбаъд низ бо сарҷамъию сарбаландӣ барои пешрафту ободии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми хешро дареғ намедоранд ва ба дастовардҳои боз ҳам бештари иқтисодиву иҷтимоӣ ноил мегарданд".
Мардуми сарбаланди Панҷакент барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат аҳлонаю содиқона меҳнат мекунанд ва ба натиҷаҳои шоён ноил мегарданд. Гуфтан кифоя аст, ки Сарвари давлат дар ҷараёни сафари кориашон дар Панҷакент 40 иншооти таъиноти иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла, беморхона дар деҳаи Ғӯсар бо 100 кат, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №115 дар деҳаи Боғча, муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар деҳаи Навобод, корхонаи шифер дар деҳоти Сӯҷина ва ғайраро ифтитоҳ намуданд.
Дар маҷмуъ, дар чор соли охир дар шаҳри Панҷакент аз рӯйи нақшаи чорабиниҳои созандагию ободонӣ зиёда аз 1000 иншоот сохта ба истифода дода шуд. То охири соли равон беш аз 200 иншооти дигар, аз ҷумла чор корхонаи саноатӣ – Броадтек, Канзи Диёр, Заводи хишти Хурмӣ ва Оби маъдании Ҳафткӯл, инчунин маҷмааи майдону гулгашти Абулқосим Фирдавсӣ, бинои маъмурии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Панҷакент, бинои нави беморхонаи кӯдакон барои 200 кат, Маркази савдо ва хидматрасонӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Барҳақ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инъикосгари сиёсати кишвар дар дохил ва хориҷи он буда, ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро дар бар мегирад.
Иқдоми дурбинонаи Сарвари давлат оид ба эълон кардани соли 2026 ҳамчун Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, пеш аз ҳама, ба таҳкими арзишҳои миллӣ, эҳёи суннатҳои неки ниёгон ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ равона гардидааст.
Соли 2026 фурсати муносибест барои таҳкими ваҳдати миллӣ, худшиносию худогоҳии шаҳрвандӣ ва ифтихор аз дастовардҳои даврони истиқлол. Вазифаи роҳбарони мақомоти давлатӣ, ташкилоту идораҳо, хоҷагиҳо, ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳо ва тамоми мардуми Панҷакент аз он иборат аст, ки бо истифодаи оқилонаи замин, об ва дигар захираҳои табиӣ маҳсулоти хушсифати кишоварзиро зиёд намуда, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳмгузор бошанд. Кӯдакону наврасонро ба таълиму тарбияи ҳамаҷониба фаро гирифта, онҳоро дар руҳияи ваҳдату субот, ватандӯстию ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва инсондӯстӣ ба воя расонанд, то онҳо ба доми фиреби ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои ифротгарою террорист наафтанд. Дар ин раванд нақши зиёиён, омӯзгорон, фарҳангиён ва воситаҳои ахбори омма махсусан муҳим арзёбӣ мешавад.
Паёми Сарвари давлат манбаи илҳоми мо, маншаи кӯшишу талошҳои созанда, чароғи равшане дар ҷодаи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллии мо – тоҷикон аст.
Абдухолиқ ХОЛИҚЗОДА,
узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Панҷакент
