БМТ. ГУЗОРИШ АЗ МУЛОҚОТИ РОҲБАРИЯТ БО ҲАЙАТИ БОНКИ ҶАҲОНӢ

04 март 2026, Чоршанбе
5


Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии директори муассисаҳои молиявии IFC дар кишварҳои Ховари Миёна, Осиёи Марказӣ, Туркия, Покистон ва Афғонистон хонум Момина Айджазуддин мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот масоили таҳкими ҳамкориҳои самарабахши дуҷониба, рушди бахши молиявӣ ва густариши дастрасӣ ба маблағгузорӣ барои бахши хусусӣ, бахусус соҳибкории хурду миёна, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни муаррифии вазъи макроиқтисодӣ ва нишондиҳандаҳои бахши бонкии кишвар, бо ишора ба ҳамкориҳои чандсолаи судманд бо Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, бахусус бо IFC, зикр намуд, ки муносибатҳои шарикона дар таҳкими устувории низоми бонкӣ, ҷорӣ намудани меъёрҳои муосири идоракунии корпоративӣ, такмили низоми идоракунии хавфҳо, рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ ва густариши фарогирии молиявӣ нақши назаррас гузоштаанд.
Дар мулоқот ҷонибҳо, инчунин, имконияти густариши ҳамкориро дар самтҳои таҳкими низоми комплаенс, маблағгузории соҳибкории хурду миёна, аз ҷумла дастгирии соҳибкории занон, рушди “молияи сабз” ва устувор, рақамисозии хизматрасониҳои молиявӣ ва идоракунии хавфҳо баррасӣ намуданд.
Зикр гардид, ки татбиқи самтҳои зикршуда ба таҳкими устувории молиявӣ, густариши фарогирии хизматрасониҳои молиявӣ ва таъмини рушди пойдори бахши молиявии кишвар мусоидат хоҳад намуд. Ҷонибҳо дар анҷоми вохӯрӣ омодагии худро барои идомаи ҳамкории созанда ва самарабахш таъкид намуданд.


Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 03.03.2026 №: 42