Парлумон Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русияро ба тасвиб расонд
4-уми март таҳти раёсати Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум, баргузор гардид.
Дар иҷлосия Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи муоинаи тиббии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид шудан ба ҳудуди Федератсияи Русия бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ, инчунин, номаҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба амалисозии марҳалаи дуюми сохтмони иншооти сарҳадӣ дар ҳудуди Тоҷикистон муҳокима гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Баррасии ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон
Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Хуршед Мирзо бо сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Йорк Шуграф вохӯрд.
Ҷонибҳо густариши истифодаи технологияҳои муосирро дар бахшҳои иқтисод ва низоми идоракунии давлатӣ баррасӣ карданд. Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ бо кишварҳои пешрафта, аз ҷумла Олмон, барои интиқоли технология, ҷалби сармоя ва татбиқи таҷрибаҳои пешқадам таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Таҷлили Рӯзи Модар дар ДМТ
4-уми март бахшида ба Рӯзи Модар дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.
Ректори Донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода аз дастгириҳои ҳамешагии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону модарон ёдовар шуда, зикр намуд, ки дар тамоми давраҳои таърихии миллатамон қадру қимати зани тоҷик ҳамеша баланд буд ва нақши онҳо дар инкишофи тамаддуни фарҳанги миллӣ басо бузург аст.
Аксияи ҷумҳуриявии «Ҳикмати модар»
Дар арафаи Рӯзи Модар, бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати зан – модар, дар доираи Аксияи ҷумҳуриявии «Ҳикмати модар», ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш роҳандозӣ гардидааст, як қатор чорабиниҳои маънавию фарҳангӣ доир шуданд.
Дар доираи ин иқдом намояндагони Кумита ба аёдати собиқадорон ва бонувони фаъолу хизматнишондодаи соҳаҳои гуногун рафта, ба онҳо ҳамчун рамзи эҳтиром ва армуғони баҳорӣ либоси миллии тоҷикӣ – чакан, тақдим намуданд. Ин ташаббус нишони арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ ва гиромидошти нақши занону модарон дар ҷомеа мебошад.
НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ
Бардошт аз чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Модар
Иштирокчиён бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аксу мусаввараҳои инъикоскунандаи расму оин, урфу анъана, либоси миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат шинос шуданд.
Иброз гардид, ки зан – модар мисли баҳор соҳибназокату шодирез, хуррамгарову сабзманиш, шукуфабору латофатзамир ва хушнигору мунир буда, бо оғози фасли шукуфтану рустанҳо ва ба арафаи Ҷашни меҳртабори Наврӯз ҳамҷоя омадани Рӯзи Модар рамзи нек ва хуҷаставу мубарро аст. Хушбахтона, солҳои соҳибистиқлолӣ, бо мақсади дастгирии занону модарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа, тадбирҳои судманд андешида шуданд.
Муаррифии иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар «ITB Berlin 2026»
Намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026», ки ҳамасола дар пойтахти Олмон – шаҳри Берлин, баргузор мегардад, иштирок намуда, имконияту иқтидори сайёҳии мамлакатро муаррифӣ намуданд.
Намоишгоҳ, ки имсол аз 3 то 5-уми март идома ёфт, яке аз бузургтарин ва бонуфузтарин ҳамоишҳои ҷаҳонии соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, ширкатҳои пешбари сайёҳӣ, сармоягузорон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва коршиносони соҳаро аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон гирд меорад. Иштироки намояндагони соҳаи сайёҳии кишвар дар ин чорабинӣ қадами муҳим дар роҳи таҳкими мавқеи кишвар дар бозори байналмилалии сайёҳӣ арзёбӣ мегардад.
