ДАНҒАРА. ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ ҲУДУДӢ ОИД БА МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН БАРГУЗОР ШУД

Зикр гардид, ки одамрабоӣ ё савдои одамон амалест, ки дар он шахс бо зӯрӣ, таҳдид, фиреб ё маҷбуркунӣ аз ҷойи будубоши худ бар хилофи иродааш бурда мешавад. Ин ҷинояти вазнин ба шумор рафта, аз ин лиҳоз дар ҳамаи кишварҳо, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҷазо пешбинӣ гардидааст.
Зимни ҷаласа фаъолияти аъзои Комиссияи ҳудудии ноҳияи Данғара тибқи қарор «Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2024» баррасӣ ва натиҷагирӣ шуд.
Таъкид гашт, ки дар ҷаҳони имрӯза, дар баробари терроризму эстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухадир ва дигар таҳдидҳои геополитикӣ, савдои одамон низ мушкилоти нигаронкунанда мебошад.
