«АТЛАСУ АДРАС». МАБЛАҒИ ШОҲҶОИЗА 5000 СОМОНӢ
Бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ ва густариши истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни матоъҳои миллӣ моҳи июни соли равон дар Суғд Фестивали вилоятии «Атласу адрас» ҷамъбаст мегардад.
Даври аввали фестивал дар шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, даври дуюм дар маркази вилоят баргузор хоҳанд шуд. Дар Фестивал ҳунармандон, корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ, дӯзандагӣ, марказҳои омӯзишӣ, рассомону тарроҳон ва дӯзандагони алоҳида метавонанд бо намунаҳои маҳсулоти худ иштирок намоянд.
Ба барандаи Шоҳҷоиза 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар шудааст. Инчунин, ғолибон аз рӯи номинатсияҳои «Беҳтарин либоси кӯдакона», «Беҳтарин либоси расмӣ», «Беҳтарин либоси идона», «Беҳтарин либоси арӯсию домодӣ» мутаносибан ба маблағи 4000, 3000 ва 2500 сомонӣ қадр мешаванд.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 18.05.2023 №: 104
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
05 январ 2024, Ҷумъа
Замимаи 1 ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, № АП-479
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)