ПАЁМ. МУҲИМТАРИН ОМИЛИ ПЕШБУРДИ ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГӢ

10 март 2026, Сешанбе
5


Масъалаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла масоили таърихию фарҳангӣ, яке аз мавзуъҳои муҳими Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар ба ҳисоб мераванд.


Таҳлили мундариҷаи Паём нишон медиҳад, ки дар низоми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди дипломатияи фаъол дар самти фарҳанг дар шароити кунунии муносибатҳои байналмилалӣ яке аз ҳадафҳои муҳиму меҳварист, зеро равандҳои сиёсии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ бозгӯи онанд, ки давлатҳо дипломатияи фарҳангиро ҳамчун яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии худ мавриди истифода қарор медиҳанд.
Дар шароити пуртазоди ҷаҳонӣ ва низоъҳои амалкунанда моҳияти пешбурди дипломатияи фарҳангӣ, пеш аз ҳама, барои ба даст овардани манфиатҳои ақлонӣ, мубодилаи афкор, иттилоотонӣ, рушди санъат, анъана ва арзишҳо дар байни мардум, тақвияти ҳамдигарфаҳмӣ ва пешбурди манфиатҳои миллӣ, дарки ниятҳои давлатҳои дигар ва ба татбиқи ҳадафҳои сиёсати хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам месозад.
Маҳз бо дарки амиқи мавзуъ меъмори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми соли 2025 доир ба дипломатияи фарҳангӣ ҳамчун яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии кишвар таъкид намуданд: “Тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд. Гузаштагони некноми мо – ориёиҳо, ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, оину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд”.
Дар робита ба ин масъала, Пешвои миллат баъзе дастовардҳои ин самти сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ба таври зайл зикр намуданд: “Соли равон бо саъю талошҳои кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Танзими ҳамоишҳо зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад”.
Ёдовар мешавем, ки маҳз дар асоси ташаббуси Пешвои миллат қатъномаи махсуси Конфронси генералии ЮНЕСКО оид ба «Устувонаи Куруш” 6-уми ноябри соли 2025 қабул гардида буд. Қатъномаи мазкур аҳамияти таърихӣ ва маънавии “Устувонаи Куруш”-ро ҳамчун яке аз нахустин санадҳои башардӯстона, ки арзишҳои озодии виҷдон, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангӣ ва ҳамзистии осоиштаро тарғиб менамояд, таъкид месозад.
Аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки ин дастовардҳо ҳамчун ташаббусҳои байналмилалии дипломатияи фаъоли фарҳангии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани имиҷи мусбати кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамоянд.
Ҳамзамон, Президенти кишвар дар Паём оид ба мавзуи мавриди назар таъкид намуданд: “Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем. Мо бояд барои ҳифзи арзишҳои моддиву ғайримоддии миллати худ муаррифии шоистаи онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем”.
Президенти кишвар дар ин замина, ҷиҳати пешбурди минбаъдаи дипломатияи фарҳангии Тоҷикистон чунин дастуру супоришҳо доданд:
1. Бо дарназардошти саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг ҷиҳати ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи ӯ тадбирҳои зарурӣ андешанд, зеро Борбад, ки дар асрҳои шашуму ҳафтуми мелодӣ – дар замони давлатдории Сосониён – зиндагӣ ва эҷод кардааст, аз ҷониби олимону коршиносони маъруфи дунё ҳамчун яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ эътироф гардидааст.
Вобаста ба ин пешниҳоди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон гуфт, ки дар баробари дигар унсурҳои дипломатияи фарҳангӣ, мусиқӣ низ ҳамчун унсури муҳими мавзуи мавриди назар ба ҳисоб рафта, дар ин ҷода нақши намояндагони миллати тоҷик дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ бағоят муҳим мебошад.
2. Ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода мешавад, ки ҷиҳати дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷӯйӣ намоянд.
3. Бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад.
Ба андешаи мо, бунёди ин ду Марказ ҷиҳати муаррифии шоистаи дастовардҳои мероси таърихию фарҳангии ниёгони миллати тоҷик, ки таърихи шашҳазорсола дорад, мусоидат ва ҳамчун далели таърихии раднопазир хизмат менамояд.
Аз омӯзиши Паём метавон хулоса намуд, ки дипломатияи фаъоли фарҳангӣ ҳамчун зарурати таърихии сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар шароити муосири муносибаҳои байналмилалӣ пеш бурда шавад. Тарғибу ташвиқ ва соҳибӣ намудани таъриху фарҳанг ва дастовардҳои ниёгон, ҳифзи суннатҳои таърихи шашҳазорсола, мероси адабӣ ва илмӣ, арзишҳои асолати миллӣ, манфиатҳои бақодории миллати тоҷик зарур аст.
Бо мақсади амалӣ намудани дипломатияи фаъоли фарҳангӣ дар низоми сиёсати хориҷии кишвар манзур намудани пешниҳодҳои зеринро мувофиқи мақсад мешуморем:
1. Дастнависҳои осори ниёгони миллати тоҷик аз кишварҳои ҷаҳон нусхабардорӣ шаванд.
2. Баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ҷиҳати муаррифии фарогири дастовардҳои таърихию фарҳангии мероси ниёгони миллати тоҷик дар ҳама самтҳо муҳим аст.
3. Роҳандозии иттилооти васеъ доир ба чеҳраҳои мондагори миллати тоҷик ва дастовардҳои таърихию фарҳангии мероси ниёгон дар ВАО, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар пойгоҳҳои рақамӣ.
4. Бо назардошти манфиатҳои миллии кишвар, вокуниши саривақтӣ нишон додани аҳли зиё бар зидди амалҳои азхудкунии бедалели мероси таърихиву фарҳангии ниёгони миллати тоҷик.
5. Зиёд намудани маблағгузорӣ ҷиҳати пешбурди дипломатияи фарҳангӣ.


МУҲАММАДЗОДА П.А., мудири кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултети муносибатҳои байналмилалии ДМТ, профессор

Санаи нашр: 06.03.2026 №: 45