ОИЛА МУҚАДДАСТАРИН РУКНИ ҶОМЕА
Дар истироҳатгоҳи "Кохи Малика"-и ноҳияи Варзоб чорабинии ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила таҳти унвони "Оила муқаддастарин рукни ҷомеа ва давлат" бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, доир гардид.
Дар оғози чорабинӣ намоиши молу маҳсулот, дастовардҳои аҳли шаҳраку деҳоти ноҳия ва таомҳои миллӣ ташкил шуд.
Матлубахон Сатториён иштирокдоронро бо Рӯзи оила шодбош гуфта, барояшон зиндагии хушбахтона ва тарбияи насли солим, фарзандони бонангу номус, ватандӯст, бо илму маърифат ва нексириштро таманно кард. Мавсуф таъкид дошт, ки имрӯзҳо давлати мо ба марҳилаи тозаи пешрафт расидааст. “Моро лозим аст, ки барои таҳкими волотарин арзишҳои инсониву ахлоқӣ, эҳтироми якдигар, муҳаббату самимият, гиромидошти оила ва волидону фарзандон фаъолият намуда, ҷиҳати пешгирии пошхӯрии оилаҳо ҳиссагузор бошем”, – гуфт М. Сатториён.
Дар рафти чорабинӣ ҷашни хонадоршавии ҷавонон бо супурдани шаҳодатномаи ақди никоҳ ва шаҳодатномаи таваллуд ба кӯдакони навзод баргузор гашт.
Ҳунармандони ҷумҳурӣ барномаи рангини ҳунариро пешкаши ҳозирон гардонда, ба чорабинӣ ҳусну таровати тоза бахшиданд.
Латифабону РУСТАМЗОДА, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 18.05.2023 №: 104
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)