МАТБУОТ. САДОИ ҲАҚИҚАТ ВА СИПАРИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

12 март 2026, Панҷшанбе
9


Ҳар сол 11-уми март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад. Ин сана барои тамоми кормандони соҳаи иттилоот, рӯзноманигорон ва аҳли қалам рӯзи гиромидошти сухани рост, андешаи солим ва виҷдони бедори ҷомеа мебошад, зеро матбуот дар ҳама давру замон ойинаи ҳаёти ҷомеа ва минбари ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба ҳисоб мерафт ва меравад.
Таърихи матбуоти тоҷик аз нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ – «Бухорои шариф» дар соли 1912 оғоз ёфта, минбаъд таърихи шукуфоию рушди матбуоти тоҷик ба номи рӯзномаи «Иди тоҷик», «Бедории тоҷик», «Тоҷикистони сурх», «Тоҷикистони советӣ», «Тоҷикистони шуравӣ» ва ҳоло «Ҷумҳурият» пайваст гардида, дар тули зиёда аз як аср роҳи пуршарафро тай кардааст. Матбуот дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ, аз ҷумла дар давраи муборизаҳои сиёсӣ, ташаккули давлатдорӣ ва даврони истиқлол, ба ҳайси минбари ҳақиқат ва тарбияи ҷомеа хидмат намудааст.
Дар солҳои аввали истиқлолият, ки кишвар ба мушкилоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ буд, маҳз матбуоти миллӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ, тарғиби сулҳу субот ва баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷомеа саҳми арзанда гузошт. Он дар шароити ҳассос ба мардум роҳи дурусти андеша ва зиндагиро нишон дод.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки матбуот бояд манфиатҳои давлату миллатро ҳимоя намуда, дар тарбияи насли худогоҳ ва ватандӯст нақши фаъол дошта бошад, зеро сухани чопшуда метавонад афкорро тағйир диҳад, андешаро бедор ва ҷомеаро ба сӯи пешрафт раҳнамо созад.
Имрӯз, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ, матбуот ба иҷрои вазифаҳои нави масъулиятнок рӯ ба рӯ шудааст. Ҷараёни иттилоот босуръат гардида, маълумоти бардурӯғ ва ғаразнок низ паҳн мегарданд. Дар чунин вазъ матбуоти миллӣ бояд бо масъулияти баланд амал намуда, ҳамчун неруи маънавии ҷомеа бар зидди таҳдидҳои иттилоотӣ ва идеологӣ баромад кунад.
Матбуоти тоҷик, аз ҷумла рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар фазои иттилоотии кишвар мавқеи муҳим дорад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии давлат ва сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти мамлакат барои рушди воситаҳои ахбори омма шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ даҳҳо рӯзномаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва хусусӣ, маҷаллаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва соҳавӣ, инчунин, сомонаҳои иттилоотӣ фаъолият дошта, ҳар кадом дар баланд бардоштани маърифати ҷомеа саҳми худро мегузоранд. Алалхусус, рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, дар тарғиби сиёсати давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, худшиносии миллӣ ва арзишҳои маънавӣ нақши калидӣ мебозанд.
Бо вуҷуди ин, матбуоти муосир ба таъсири босуръати технологияҳои рақамӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардидааст. Имрӯз қисми зиёди аҳолӣ иттилоотро аз шабакаҳои иҷтимоӣ мегирад, ки на ҳамеша санҷида ва боэътимод аст. Дар чунин шароит нақши матбуоти касбӣ боз ҳам муҳим мегардад, зеро танҳо матбуоти масъул ва касбӣ метавонад ҳақиқатро аз овоза ҷудо карда, ба ҷомеа иттилооти дуруст пешниҳод намояд.
Аз ин лиҳоз, матбуоти Тоҷикистон имрӯз на танҳо манбаи хабар, балки омили муҳими тарбияи маънавӣ, таҳкими суботи ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Он бояд бо забони сода, далелҳои муътамад ва мавқеи устувори миллӣ ба ҷомеа хидмат намояд.
Мавриди таъкид аст, ки бо вуҷуди дастовардҳо, матбуоти муосир ба як қатор мушкилот низ рӯ ба рӯ мебошад. Кам шудани завқи мутолааи рӯзномаҳо, таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ, паҳншавии иттилооти носанҷида аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки таваҷҷуҳи ҷиддиро талаб мекунанд.
Аз ин рӯ, барои боз ҳам таҳким бахшидани нақши матбуоти миллӣ чунин пешниҳодҳо муҳим ба назар мерасанд: баланд бардоштани сатҳи касбияти рӯзноманигорон тавассути курсҳои такмили ихтисос; дастгирии нашрияҳои илмӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ; ҷалби ҷавонони болаёқат ба соҳаи журналистика; тақвияти матбуоти миллӣ ҳамчун сипари маънавӣ дар муқобили таҳдидҳои иттилоотӣ; вусъат додани ҳамкории матбуот бо муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла осорхонаҳо ва марказҳои илмӣ.
Рӯзи матбуоти тоҷик фурсати муносибест, то ба заҳмати рӯзноманигорон, муҳаррирон ва ҳамаи кормандони соҳа арҷ гузошта, нақши онҳоро дар рушди ҷомеа қадр намоем. Онҳо бо қалам ва андеша барои равшан сохтани роҳи ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва тарбияи насли оянда хидмат мекунанд. Матбуот танҳо воситаи хабаррасонӣ нест, мактаби тафаккур, минбари ҳақиқат ва пояи устувори худшиносии миллӣ мебошад. Матбуоти солим кафили ҷомеаи солим аст.


Мақсуд МИЗРОБЗОДА,
директори МД «Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент», аълочии фарҳанг ва матбуоти Тоҷикистон

Санаи нашр: 11.03.2026 №: 47