ТОҶИКИСТОН. ИСТИФОДАИ ФАРОГИРИ ТЕХНОЛОГИЯИ РАҚАМӢ ДАР СОХТОРИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ
Дар замони пешрафти босуръати техникаву технологияи рақамӣ, Тоҷикистон ҳарчи бештар аз дастовардҳои навтарини илму техника, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, фаъолона истифода мебарад. Ин технологияи инқилобӣ на танҳо дар соҳаҳои технологӣ, балки дар равандҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва бехатарӣ тағйироти куллиро ба вуҷуд меорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ 16-уми декабри соли 2025 иброз доштанд, ки Агентии инноватсия ва технологияи рақамӣ ҷиҳати пурра ҷорӣ намудан ва оммавӣ гардондани сомонаи ягонаи хидматрасониҳои давлатӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешад.
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҷиҳати иҷрои супориши Президенти мамлакат ва беҳбуди сифати хидматрасониҳои давлатӣ тадбирҳои мушаххас меандешад. Тибқи иттилои Агентӣ, бо ҷалби барномасозони ватанӣ Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ таҳия ва дар беш аз 850 мақомоту ташкилоти давлатӣ ва зерсохтори онҳо баҳри таъмини мубодилаи мукотибот бидуни истифодаи коғаз фаъол карда шуд.
Дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии пешниҳоди хидматрасониҳои давлатӣ, инчунин, рушди низоми «ҳукумати электронӣ» портали ягонаи хидматрасониҳои давлатӣ (ekhizmat.tj) ҷорӣ карда шуд. Дар он то имрӯз 83 номгӯйи хидматрасонии давлатӣ, аз ҷумла ваколатнома оид ба идоракунии воситаи нақлиёт бе ҳуқуқи ихтиёрдорӣ, ваколатнома оид ба идоракунии воситаи нақлиёт бо ҳуқуқи ихтиёрдорӣ, маълумотнома дар бораи доштан ё надоштани доғи судӣ, иҷозат барои истифодабарии воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира, баҳисобгирии тӯйҳои домодиву арусӣ, бақайдгирии соҳибкори инфиродӣ, гирифтани имзои электронӣ, иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ, бақайдгирии давлатии таваллуд, додани хулоса барои гирифтани тамғаҳои аксизӣ ва пардохти андоз барои воситаи нақлиёт ба портали мазкур ворид гардида, ба шаҳрвандон дар шакли рақамӣ бе ҳозиршавӣ ба мақомот дастрас мебошад.
Бо мақсади тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, таъмини мубодилаи саривақтӣ ва ҳифзшудаи маълумот, инчунин, баланд бардоштани самаранокии равандҳои идоракунӣ, низоми ҳамгироии иттилоотии байниидоравӣ – «Пули ҳушманд» роҳандозӣ гардид. Ҳамзамон, интернет – портали ягонаи давлатӣ – ehukumat.tj ҳамчун инфрасохтори мутамаркази миллии иттилоотию коммуникатсионӣ таҳия ва ба истифода дода шуда, дар доираи он сомонаҳои беш аз 80 мақомот ва ташкилоти давлатӣ муттаҳид ва ҳамгиро гардиданд.
Дар назди Агентӣ Муассисаи давлатии «Маркази ҳифзи маълумот» таъсис дода шуд, ки фаъолияти он ба таҳкими амнияти киберӣ ва ҳифзи иттилоот дар низомҳои давлатӣ ва махзанҳои коркарди маълумот равона гардида, назорати ҳамаҷонибаи раванди ҷамъоварӣ, коркард, истифода, паҳнкунии маълумот ва татбиқи механизмҳои ҳифзи барномавӣ, бо истиснои маълумоти дорои сирри давлатӣ, амалӣ карда мешавад. Ин иқдом ба баланд бардоштани эътимоднокӣ, шаффофият ва устувории низомҳои иттилоотӣ дар кишвар мусоидат менамояд.
Бо мақсади фароҳам овардани муҳити мусоид барои дастрасӣ ва рушди ширкатҳои соҳавии технологияҳои иттилоотӣ дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе IT-Парк таъсис ёфт, ки бо истифода аз имтиёзҳои андозиву гумрукӣ дар он 65 субъект (резидент) сабти ном шуд. Гузашта аз ин, бо мақсади баланд бардоштани иқтидори кадрии соҳа бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон» таъсис ёфт ва дар назди он ифтитоҳи литсейҳои равияи риёзӣ-техникӣ роҳандозӣ гардида истодааст.
Ҳамчунин, ҷиҳати рақамикунонии равандҳо дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ низоми миллии электронӣ таҳия гардида, дар 5 дидбонгоҳи гумрукӣ таҷҳизоти дахлдор насб ва мавриди истифода қарор гирифт. Инчунин, дар 29 дидбонгоҳи гумрукии дигар «камераҳои ҳушманд» насб шуданд, ки ин раванд бамаротиб сатҳи коргузориро беҳтар мекунад.
Рақамикунонии соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа низ пурра ба анҷом расида, барномаи махсус барои мутамарказ намудани феҳристи нафақагирон таҳия гардид. Тибқи он, айнияткунонии нафақагирон тавассути низоми рақамии шинохти чеҳра дар тамоми минтақаҳои кишвар дар марҳалаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»
