БОЯД ЧУ ОСИЁБ ЗИ ПАЙИ ОБУ ДОНА РАФТ
Солҳои 70 – 80-уми асри гузашта барои рӯзномаи вилоятии «Бадахшони советӣ» (ҳоло “Бадахшон”) аз ҳар ҷиҳат айёми авҷу барор ва рушди эҷодӣ буд. Сармуҳаррири вақти он Нусратулло Дорғабеков, марди фозил ва роҳбари ғамхор, барои пешрафти рӯзнома саъю кӯшиши зиёде ба харҷ медод.
Ба ҷавонони қобилиятнок таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекарду сафи кормандони рӯзнома аз ҳисоби дастпарварони соҳибзавқу умедбахши Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва мактабҳои олии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ меафзуд.
Яке аз он ҷавонони хушсалиқа Шоҳтолиб Шоҳқосимов мебошад. Ӯ ҳарчанд дастпарвари факултаи шарқшиносии ДДТ (ҳоло ДМТ) буд, беҳад завқи эҷод дошт ва хабару лавҳаҳояш дар рӯзномаҳои донишгоҳии «Шарқшинос», «Ба қуллаҳои дониш» ва дар рӯзномаи “Бадахшони советӣ” ба чоп мерасиданд. Яъне, дар рӯзноманигорӣ симои шинос буд. Бинобар ин, вақте ки соли 1975, баъди хатми Донишгоҳ, ба зодгоҳаш баргашт, ӯро дар “Бадахшони советӣ” ба кор гирифтанд. Рӯзноманигори ҷавон дар ибтидо дар вазифаи тарҷумонӣ кор мекард ва, ҳамчунин, бо дигар шуъбаҳои рӯзнома ҳамкории зич дошт. Мудирони шуъбаҳо Амирбек Исломов, Ширин Бунёд, Шоҳбаҳор Шоҳхуморов, Қирғизбек Чоршанбиев ӯро ба тарбия гирифта, ҷавҳари рӯзноманигориро дар дилаш ҷой намуданд. “Шоҳтолиб сабки хосеро дорост, вай дар бобати дарёфти ҳодисаву воқеа, баҳодиҳӣ ба он ва рӯйи коғаз овардани мавзуъ маҳорати хуб дорад; ӯ метавонад маводи таъҷилиро сари вақт омода созад, ки ин дар рӯзноманигорӣ хеле муҳим аст”, – дар маҳфиле таъкид намуда буд устод Ширин Бунёд.
Ба туфайли заҳмату омӯзиши пайвастаи таҷрибаи ҳамкасбони варзида касби камол намуд, ба сафи эҷодкорони пешқадам ворид гардид. Мақолаҳои шавқовар, лавҳаю очеркҳои ӯ аз ҳаёти мардуми кӯҳистон ва манзараҳои зебои рангомези Помир ҳикоят мекарданд; намунаи чакидаҳои қаламаш дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии “Ҷумҳурият”, “Садои мардум” ва “Адабиёт ва санъат” низ ба нашр мерасиданд.
Вақте ки устод Ширин Бунёд раиси идораи телевизион ва радиои Бадахшон таъин гардид, сармуҳаррир мудирии шуъбаи маорифу маданияти рӯзномаро бо камоли эътимод ба ӯ вогузор намуд. Баъдҳо Шоҳтолиб дар вазифаҳои мудири шуъбаҳои сохтмони шуравӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маънавиёт кор карда, ҳамзамон, хабарнигори махсуси рӯзномаи «Садои мардум» дар Бадахшон буд.
Аълочии матбуоти Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар соли 2022 Шоҳтолиб Шоҳқосимов дар вазифаи муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Бадахшон” солҳо пурмаҳсул кор кард. Хидматҳояшро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар гирифта, соли 1994 ӯро ба унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон сазовор донист.
Шоҳтолиб Шоҳқосимов узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, муаллифи китобҳои «Корномаи падарон» (соли 2005), «Суруди бардавом» (соли 2007) буда, лавҳаю очеркҳояш дар маҷмуаҳои дастаҷамъии «Машъали сотсиализм дар Боми Ҷаҳон» (соли 1985) ва «Вассофони Бадахшон» (соли 1991) ба табъ расидаанд.
Шоҳтолиб Шоҳқосимов айни ҳол дар рӯзномаи “Бадахшон” кор мекунад ва дар тарбияи ҷавонон чун мураббии касбӣ саҳми босазо мегузорад.
Раҳмони ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”
