БАҲОР – 2026. ТАБИАТИ МАФТУНКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН БА МУАРРИФИИ БЕШТАР НИЁЗ ДОРАД!
Тибқи иттилои рӯзномаи “Известия”, аз се як ҳиссаи сайёҳони Федератсияи Россия, ки моҳи март нияти дар кишварҳои арабии Ховари Миёна истироҳат карданро доштанд, роҳхатҳои худро аз ширкатҳои сайёҳӣ бозпас гирифтанд. Сайёҳони боқимонда сафари худро чанд моҳ мавқуф гузоштанд. Қисми дигар нияти ба дигар кишварҳои нисбатан амн сафар карданро доранд.
Тоҷикистон дар заминаи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло ба яке аз амнтарин кишварҳои сайёра табдил ёфтааст. Далели ин амр соли гузашта аз ҷониби Маркази таҳлилии амрикоии “Gallup” дувумин кишвари амнтарини сайёра эълон гардидани Тоҷикистон мебошад. Ин маркази пажӯҳишӣ дар пайи назарпурсии шаҳрвандони 142 давлати дунё дар радабандии амнтарин кишварҳои олам ба Тоҷикистон мақоми дуюмро ихтисос дод. Аз тарафи дигар, Тоҷикистон яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, бо рӯду дарёчаҳои шӯх, кӯлу кӯҳҳо ва манзараҳои дилкашу беҳамтояш дар ҷаҳон шуҳрат дорад.
Тибқи иттилои шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бо қарори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид. Дар асоси тақвим, дар рӯзҳои баргузории Ҷашни Наврӯз дар пойтахти мамлакат якчанд чорабинӣ, аз ҷумла Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ», маросими истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз аз баландтарин мавзеи шаҳри Душанбе, барномаи театришуда бахшида ба таҷлили Наврӯз, Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ», фестивали «Таомҳои миллӣ», фестивали «Бозиҳои варзишии наврӯзӣ», барномаҳои фарҳангӣ дар ноҳияҳои пойтахт, фестивали дӯстии ҷавонони пойтахт таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ», намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, мусобиқаи гӯштини миллии гӯштингирӣ, баргузор мешаванд. Даҳаи сеюми моҳи март дар шаҳри Душанбе ба ифтихори Наврӯз барои сокинон ва меҳмонони пойтахт чорабиниҳои гуногуни ҷолиби фарҳангӣ ва дар тамоми боғҳои фарҳангию фароғатии Душанбе барномаҳои рангини идона доир мегарданд. Чорабиниҳо шоми 21-уми март дар майдони "Истиқлол" оғоз меёбанд. Дар ин ҷо оташи Наврӯз фурӯзон ва маросими тайёр кардани суманак баргузор мешавад. Хӯрокҳои наврӯзӣ, ки дар Ҷашни Наврӯз омода мегарданд, яке аз ҷаззобияти асосии саёҳати гастрономӣ дар Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Ҷашни Наврӯз ҳамчун бренди сайёҳӣ муаррифӣ шудааст. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки ширкатҳои сайёҳӣ, намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ва диаспораҳои тоҷикон дар арафаи Ҷашни Наврӯз барои тарғиби иқтидори сайёҳии кишварамон аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, сайёҳони хориҷӣ, аз ҷумла сайёҳони Федератсияи Россияро, ки ҳоло дар ҷустуҷӯйи кишварҳои алтернативии сайёҳӣ ҳастанд, ба диёри офтобиамон ҷалб созанд. Ҳоло давраи бедоршавии табиат дар кишвари зебоманзарамон буда, ҳар меҳмоне, ки ба Тоҷикистон ояд, орзуи дубора ба ин мулки дилрабо меҳмон шуданро мекунад.
Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷумҳурият”
