НАВРӮЗ – 2026. «DUSHANBE NAVRUZ FEST» БАРГУЗОР МЕШАВАД
Фестивал дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе 4-уми апрел дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе доир мешавад.
Ҳадафи чорабинӣ фароҳам овардани фазои идона ва шароити мусоид барои истироҳату фароғати сокинони пойтахт, меҳмонон ва сайёҳон, муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун маркази муосири фарҳангӣ ва дорои имконияти васеи сайёҳӣ мебошад. Фестивал, инчунин, ба ҷалби бештари сайёҳон, густариши фарҳанги меҳмондорӣ ва тарғиби суннату анъанаҳои миллӣ мусоидат мекунад.
У. САФАРАЛӢ
