РОЗИЯ ОЗОД. ГУЗОРИШ АЗ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

14 март 2026, Шанбе
4


Дар Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Зан – модар – тоҷи офариниш” бахшида ба Рӯзи Модар ва 133-солагии зодрӯзи модари аллома Бобоҷон Ғафуров, шоири ширинкалом Розия Озод конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд. Дар он фаъолзанону собиқадорон, гирандагони стипендияҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва президентӣ, устодони муассисаҳои таълимӣ ва ҳаводорони шеъру сухан иштирок намуданд.
Директори Осорхона Муқаддам Ҳошимзода зикр кард, ки дар остонаи таҷлили Рӯзи Модар ёдовар шудан аз зиндагӣ ва фаъолияти шоир Розия Озод, модари Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров, арҷгузорӣ ба зан ва сухан аст. Таъкид гардид, маҳз тарбияи модар буд, ки фарзанди ӯ Бобоҷон Ғафуров ба арсаи илм ва сиёсат қадам ниҳода, бо асари маъруфи худ “Тоҷикон” таъриху тамаддуни ғании халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки чунин ҳамоишҳо имкон медиҳанд аз хизматҳои барҷастаи модарон ёдовар шуда, нақши онҳоро дар тарбияи фарзандони шоиста ва пешрафти ҷомеа дарк намоем.
Дар идома номзади илмҳои таърих, дотсент Шавкат Шарифов бо маърузаи “Нақши ҷойгоҳи занони мубориз ва қаҳрамон дар масири таърих” баромад карда, аз қаҳрамонӣ ва шуҷоатмандии занони номдори таърихӣ – Томирис, Рухшона, Зайнаббибӣ, Мастура ва дигарон гуфт. Сарходими илмии Осорхона Мутриба Мамадҷонова аз саҳми Бобоҷон Ғафуров дар рушди саводнокии занони тоҷик ёдовар шуд.


Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 14.03.2026 №: 50