АМИТ
Дар мавзуи ташаккули ҳувияти иҷтимоии аҳолӣ конфронс баргузор шуд
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки ҳувияти иҷтимоии аҳолӣ яке аз мафҳумҳои калидии илмҳои ҷамъиятшиносӣ дар шароити рушди иҷтимоиву фарҳангии имрӯза аҳамияти боз ҳам бештар касб кардааст.
Гуфта шуд, ки масъалаҳои ҳувияти миллӣ, ваҳдати ҷамъиятӣ ва худшиносии миллӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти давлат қарор доранд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали истиқлолият эҳёи ҳувияти миллии тоҷикон ва таҳкими худшиносиву ваҳдати миллиро аз муҳимтарин ҳадафҳои сиёсати худ қарор доданд. Дар идома масълаҳои фалсафии ташаккули ҳувияти миллӣ дар Тоҷикистон, асосҳои назариявии таҳқиқи ҳувияти иҷтимоии аҳолии калонсол дар шароити тағйироти ноустувори геополитикӣ, нақши оила дар тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ баррасӣ гардиданд.
“НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ”. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ
Конфронс бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон доир гашт.
Вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён изҳор дошт, ки Наврӯз на танҳо як ҷашни қадима, балки падидаи муҳими фарҳангию иҷтимоӣ мебошад, ки дар тули таърих халқҳоро ба ҳам оварда, онҳоро ба арзишҳои инсонгароӣ ва ҳамдилӣ ҳидоят кардааст.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракат Рудобаи Мукаррам иброз намуд, ки дар адабиёти классикии тоҷик Наврӯз ҷойгоҳи муҳим дорад. Шоирон ва мутафаккирон ин ҷашнро ҳамчун рамзи навшавӣ, умед ва зиндагии нав тасвир намудаанд. Таъкид шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ нигоҳдории мероси фарҳангӣ ва суннатҳои миллӣ аҳамияти махсус дорад ва Наврӯз метавонад ҳамчун омили муҳими ҳамгироии фарҳангӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа ва миллатҳо хидмат намояд.
ХУҶАНД
Шиносоии раиси вилоят бо рафти корҳои васеъсозии роҳ дар хиёбони Рифъат Ҳоҷиев
Васеъсозии роҳи мазкур дар доираи корҳои ободониву созандагӣ амалӣ гардида, паҳноии роҳ то 13 метр ва дарозии он ба 2 километр мерасад.
Ба раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода иттилоъ доданд, ки тибқи нақша роҳ мутобиқ ба талаботи муосири шаҳрсозӣ васеъ карда шуда, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва сокинон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Зимни шиносоӣ раиси вилоят ба масъулон ҷиҳати иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, риояи талаботи меъёрҳои техникӣ ва дар муҳлати муайян ба анҷом расондани корҳои роҳсозӣ дастуру супоришҳо дод.
ДЕВАШТИЧ
Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис мешавад
Дар ин хусус зимни як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе, ки бо иштироки масъулони соҳаи кишоварзии мамлакат ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) баргузор гардид, иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш иштирокдорон оид ба имкониятҳои истифодаи биотехнология барои мустаҳкам намудани низоми тухмипарварии картошка, таъмини истеҳсоли тухмии сертификатсияшуда ва ҳамоҳангсозии муассисаҳои илмӣ ибрози андеша намуданд.
