ВОСЕЪ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ НОҲИЯ
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ рафта, нахуст дар деҳаи Кафтархона бо ҷараёни корҳои сохтмони бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 шинос шуд.
Бино бо озмоишгоҳҳои фанҳои дақиқ барои беш аз 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Он сеошёна буда, аз 15 синфхона иборат хоҳад буд.
Давлаталӣ Саид зимни ифтитоҳи иншоот ба соҳибкори маҳаллӣ изҳори сипос карда, таъкид намуд, ки таҳкими тарзи ҳаёти солим, фароҳам овардани шароити мусоид барои варзишгарон ва ҷалби ҷавонон ба варзиш аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Дар идомаи сафари корӣ раиси вилоят дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Восеъ – Ховалинг иштирок намуд.
Тибқи иттилоъ, дар ин мавзеъ 3000 ниҳол, аз ҷумла 2000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз, 500 ниҳоли дарахтони ороишӣ ва 500 ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинонда шуд.
Давлаталӣ Саид, ҳамчунин дар деҳаи Пушёни Поён аз рафти корҳои сохтмонии фабрикаи парандапарварӣ боздид намуд.
Тавре масъулон иттилоъ доданд, фабрика барои парвариши то 60 ҳазор сар паранда пешбинӣ шуда, пас аз мавриди истифода қарор гирифтан метавонад дар таъмини бозори дохилӣ бо гӯшти мурғ саҳми назаррас гузорад.
Фабрикаи парандапарварӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ А. Ятимов бо маблағи 4 миллион сомонӣ бунёд гардида, 15 нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.
Раиси вилоят дар идомаи сафар бо фаъолияти Кооперативи кишоварзии «Сафар-2004», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Бобошоҳиён шинос шуд.
Зикр гардид, ки кишоварзони Кооператив бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва техникаи муосири кишоварзӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва таъмини бозор бо маҳсулоти босифати ватанӣ талош намуда, дар таҳкими амнияти озуқавории кишвар саҳми арзанда мегузоранд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ шаҳрвандонро қабул намуд. Сокинон арзу муроҷиатҳои худро, ки бештар ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва рушди инфрасохтор марбут буданд, ба роҳбарияти вилоят ироа карданд. Муроҷиатҳо, асосан ба бунёди муассисаҳои таълимӣ, сохтмони варзишгоҳ, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои оилаҳои ниёзманд, таъмини аробачаи маъюбӣ, кумаки молиявӣ ва дигар масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ вобаста буданд.
Раиси вилоят барои баррасӣ ва ҳалли саривақтии онҳо ба масъулони дахлдор супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки бо афзоиши аҳолӣ дар деҳоти ноҳияи Восеъ талабот ба мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ, оби нӯшокӣ ва барқ меафзояд ва барои қонеъ сохтани ниёзҳои мардум бояд чораҳои амалӣ андешида шаванд.
Дастур дода шуд, ки масъулон муроҷиатҳои мардумро сари вақт ва бо масъулияти баланд баррасӣ намоянд ва ба рушди иқтисоди маҳаллӣ, вусъати корҳои азнавсозиву ободонӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.
Баъд аз қабули шаҳрвандон, раиси вилоят бо роҳбарият ва фаъолони ноҳияи Восеъ мулоқот кард.
Давлаталӣ Саид аз пешрафту мушкилот ва камбудиҳои соҳаҳои гуногун ёдовар шуда, масъулон ва фаъолонро вазифадор намуд, ки дар корҳои ободониву хуррамгардонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, хизматрасонии тиббӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар заминаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, таҳкими корҳои идеологӣ, ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масъалаҳои мубрам саҳм гузоранд.
Зокир ҲАСАН,
"Ҷумҳурият"
