Баррасии ҳамкориҳои ВКД Тоҷикистон ва Британияи Кабир

17 март 2026, Сешанбе
2


Дар ҳошияи чорабинии Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ, ки 16 – 17-уми март дар шаҳри Вена баргузор шуд, муовини якуми вазири корҳои дохилии кишвар Абдураҳмон Аламшозода бо вазири давлатӣ оид ба корҳои дохилии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Девид Ҳэнсон вохӯрд.
Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва ҷустуҷӯйи ҷинояткоронро баррасӣ намуданд.


«НАВРӮЗ – ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ». Чорабинии идона дар шаҳри Душанбе
Дар пойтахти мамлакат бо ташаббуси филиали Ширкати байнидавлатии телевизион ва радиои «Мир» дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо МИМҲД шаҳри Душанбе таҳти унвони «Наврӯз – ҷашни сулҳу накукорӣ» чорабинии идона доир гашт.
Зимни чорабинӣ сокинону меҳмонони пойтахт аз фазои анъанавии Наврӯз баҳравар шуданд. Навои карнай танинандоз гардида, ба ҳозирон суманак – яке аз рамзҳои асосии Ҷашни Наврӯз, ройгон тақдим шуд.
Зимни суханрониҳо аз ҷойгоҳи ин Ҷашни бостонӣ ҳамчун рамзи сулҳ, дӯстӣ, эҳёи табиат ва арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ёдоварӣ гардид.


Бозиҳои Делфи дар Бишкек доир мегардад
Аз 23 то 28-уми март дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек, чорабинии фарҳангии Бозиҳои Делфи миёни наврасони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мешавад.
Тавре Вазорати фарҳанг иттилоъ дод, дар ин чорабинӣ аз Тоҷикистон 38 нафар дар равияҳои академӣ, эстрада, созҳои миллӣ, овозхонӣ ва рассомӣ ҳунарнамоӣ мекунанд. Аз ин шумора се нафарашон ба ҳайати довталабони байналмилалӣ шомил мегарданд.
Ҳамчунин, дар назар аст, ки дар доираи Бозиҳо таҳти унвони «Бозиҳои Делфи як василаи муассир барои дастгирии истеъдодҳои ҷавон, рушди соҳаҳои эҷодӣ ва сайёҳӣ дар давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай мебошад» конфронси байналмилалӣ доир шавад.


Тантанаҳои Ҷашни Наврӯз дар шаҳри Кӯлоб
Дар шаҳри бостонии Кӯлоб тантанаҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукӯҳу ҷалоли хоса баргузор шуд.
Дар доираи чорабиниҳо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, таомҳои суннатӣ, инчунин, барномаҳои рангини фарҳангӣ пешкаши сокинон гардид.
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат, оғози баҳор ва рамзи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ дар байни мардум бо шодиву нишоти зиёд таҷлил гардида, бори дигар аз ғановати фарҳанги миллӣ ва арзишҳои волои ниёгон дарак дод.


ШОҲМАНСУР
Ноҳияе, ки ҳамчун дарвозаи пойтахт сабзпӯш мешавад
Дар доираи ҳидояту раҳнамоиҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар якҷоягӣ бо Бонки байналмилалии Тоҷикистон дар кӯчаи Айнӣ маъракаи ниҳолшинонӣ сурат гирифт.
Зикр гардид, ки ин иқдом бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ҳамчунин, баҳри сабзу хуррам нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои пойтахт, беҳтар намудани вазъи экологӣ, зебо гардондани муҳити зист ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ рӯйи даст гирифта шуд.


ВАРЗОБ
Кумак ба шахсони эҳтиёҷманд дар арафаи Ҷашни Наврӯз
Дастгирии шахсони ниёзманд яке аз авлавиятҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат буда, ҳамасола тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа кумакҳои моддӣ расонда мешаванд.
Ба муносибати моҳи шарифи Рамазон ва Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ба оилаҳои эҳтиёҷманд ва кормандони муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо, раёсати ободонӣ ва сабзазоркунии ноҳия кумакҳои моливу моддӣ расонд.
Кормандону сокинон барои чунин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти ноҳияи Варзоб ва шахсони хайрхоҳ изҳори миннатдорӣ намуда, зикр карданд, ки барои пешрафти Ватани азизамон – Тоҷикистони биҳиштосо, саҳми арзанда мегузоранд.

Санаи нашр: 17.03.2026 №: 52