ШАҲРИСТОН. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ КИШОВАРЗӢ

17 март 2026, Сешанбе
21


Дар ҳудуди деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Шаҳристон 50 гектар замини ноҳамвор бо истифода аз техникаҳои калонҳаҷм ба замини корами обӣ табдил ёфт.


Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси ноҳия, ин ташаббус дар доираи иҷрои нақшаи структураи кишти картошка дар ноҳия амалӣ шуда, барои баланд бардоштани иқтидори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аҳамияти махсус дорад.
Раиси ноҳия Рабим Ғафурзода аз рафти пешравии корҳои саҳроӣ дидан намуд. Истифодаи самараноки заминҳои бекорхобида ва табдили онҳо ба заминҳои корам дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини ниёзҳои мардум нақши муҳим дорад. Ӯ ҳангоми суҳбат бо масъулин барои боз ҳам зиёд кардани масоҳати замини кишт ва истифодаи беҳтари манбаъҳои обӣ тавсияҳои мушаххас дод. Азхудкунии заминҳои бекорхобида боиси афзоиши маҳсулот ва таъмини шаҳрвандон бо ғизоҳои зарурӣ мегардад.


Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”


ВАНҶ. БОҒИ ФАРҲАНГӢ ТУҲФАИ ҶАШНӢ БА СОКИНОН ХОҲАД БУД
Дар ноҳияи Ванҷ дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ бунёди боғи фарҳанг ба миён омада буд. Лоиҳаи он 3 гектарро дар бар мегирифт. Корҳои тахту ҳамворкунӣ анҷом ёфта, як қисми боғ бо усули меъмории хоси маҳал сохта шуд.
Боғро пайкараи аскари номаълум, дегдон, коргоҳи оҳангарӣ, устохонаи кандакории чӯб ва хонаи қадимаи ванҷӣ зеб мебахшиданд. Дар осорхонааш ашёҳои қадимаи бозгӯйи таърихи гузашта ба намоиш гузошта шуда буданд. Дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ин ҳама ба боди фано рафт.
Зимни яке аз сафарҳои кориашон ба ноҳияи Ванҷ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинон бунёди боғи фароғативу истироҳатиро ба миён гузоштанд. Хушбахтона, соли ҷорӣ бо дастуру ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ корҳои сохтмонӣ дар боғи фарҳангию фароғатӣ оғоз гардиданд. Барои бунёди он 7 миллион сомонӣ ҷудо шуд.
Фармоишгарон Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул», Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯйии "САНИИОСП" мебошанд.
Дар асоси лоиҳа дар боғ ду иншооти замонавии дуошёна, майдончаҳои бозӣ барои кӯдакон, гулгашту суҳбаткадаҳои истироҳатӣ барои калонсолон сохта мешаванд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА "Ҷумҳурият",
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА, рӯзноманигор

Санаи нашр: 17.03.2026 №: 52