СУҒД. ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛӢ БА ИФТИХОРИ НАВРӮЗ

19 март 2026, Панҷшанбе
34


Бо мақсади эҳё ва рушди бозиҳои миллӣ, тарбияи хонандагон дар руҳияи эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ, инчунин, ташвиқу тарғиби фарҳанги ғании аҷдодӣ ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Иди байналмилалии Наврӯз, бо ибтикори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар варзишгоҳи «Хуррамшаҳр»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров даври вилоятии Фестивали бозиҳои миллӣ баргузор шуд.
Дар чорабинӣ хонандагони муассисаҳои таълимии 15 шаҳру ноҳияи вилоят иштирок намуда, маҳорати худро дар намудҳои гуногуни бозиҳои суннатии тоҷикон нишон доданд.
Тавре мудири шуъбаи корҳои илмӣ ва эҷодии Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Гулчеҳра Шокирова иброз дошт, ҷавонон бозиҳои «Лалакпарронӣ», «Бодпаракпарронӣ», «Ҳаппабозӣ», «Лакпарбозӣ», «Ланкабозӣ», «Ошуқбозӣ», «Чиллакбозӣ» ва «Арғамчинкашӣ»-ро намоиш доданд.
Сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Гулсара Мирзозода зимни суханронӣ иштирокдоронро бо Иди байналмилалии Наврӯз табрик намуда, таъкид кард, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои эҳёи бозиҳои миллии ниёгон, пос доштани суннату русуми аҷдодӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ аҳамияти калон дорад.
Фестивал натиҷагирӣ ва ғолибону иштирокчиёни фаъол бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”


ШУҒНОН. МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ОҒОЗ ЁФТ
Имсол вобаста ба нисбатан гарм омадани ҳаво мавсими киштукори баҳорӣ дар водии Ғунд барвақттар оғоз ёфт.
16-уми март дар Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ва раиси ноҳия Комил Шоисматуллозода маъракаи ниҳолшинонӣ доир гашт.
Тавре Аслишо Хуршедов, раиси Ҷамоати деҳоти Сучон иттилоъ дод, аз ҷумла дар деҳаи Колхозобод ва маҳаллаи Дашти Зӯрозмой, қад-қадди қитъаи роҳи навбунёди шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Кулма, дар масофаи 3 километр бештар аз 640 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонда шуд. Ҳамчунин, дар боғи навбунёди дашти Манем, ки соли гузашта бо ташаббуси роҳбарияти вилоят дар майдони бештар аз 10 гектар бунёд гардид, иловатан бештар аз 300 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинонда шуд.
Ба гуфтаи раиси Ҷамоат, айни ҳол беш аз 1000 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда омода гардидааст, ки давоми ҳафта зимни бунёди боғҳои нав шинонда мешаванд. Айни ҳол дар деҳаи Танг ва боз чанд мавзеи дигари Ҷамоат барои бунёди боғоти нав майдонҳои замин омода шуда истодаанд.

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 18.03.2026 №: 53