ПЕШВОИ МИЛЛАТ. АЗ ТАҲКИМИ СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНА ТО ГУСТАРИШИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

19 март 2026, Панҷшанбе
26


(ДАР ҲОШИЯИ СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ ВА ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ СОЛИ 2026)
Рушди босуръати иқтисодӣ, тағйиру ташаккули тафаккури созанда дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо равнақи илм ва ихтирооту кашфиёт-фановарӣ муқаррар карда мешавад. Бинобар ин, аз бар намудани донишҳои замонавӣ дар рушди кишварҳо нақши аввалиндараҷа дошта, дар ташаккули маърифати ҷомеа таъсири амиқ мерасонад ва ба ҳамин васила, мавқеъ ва нуфузи кишварҳоро дар сатҳи байналмилалӣ дучанд мегардонад. Ин нуктаҳои сарнавиштсозро борҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд.
Истиқлоли давлатӣ, суботу амнияти сартосарӣ ва ягонагӣ дар Тоҷикистони азиз аз омилҳое маҳсуб меёбанд, ки барои инкишофи қобилияти эҷодӣ: донишомӯзӣ, ихтироъкорӣ, рушди малакаи зеҳнию ақлонии насли наврас, дарки ҳифзи арзишҳои таърихӣ ва шинохти мақому мартабаи фарҳангу санъати миллии аҳли ҷомеа имконияту шароитҳоро муҳайё намуданд.
Дар ин самт, дастовардҳо назаррасанд ва амалҳои шоиста анҷом дода мешаванд. Аз тадбирҳои муҳими даврон, ки ҳамасола бо иқдомоти шоистаи Пешвои миллат дар самти боло бурдани маърифати ҷомеа – тақвияти ҷаҳони маънавии аҳолӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ амалӣ мегардад, озмунҳои ҷурҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ва «Шоҳномахонӣ», мебошанд.
Озмунҳо ҷунбиши паҳновари маънавиро ба вуҷуд оварданд. Ҷалби васеи аҳли ҷомеа ба китобхонӣ ва дар ин замина аз бар намудани осори таърихӣ ва фарҳангию маънавии ниёгон, рӯ овардан ба адабиёти оламшумули ҷаҳонӣ ва дарёфти истеъдодҳои ихтироъкору навовару огоҳ ва забондон аз натиҷаи муҳим ва арзишманди озмунҳо дониста мешаванд.
Муҳимият ва арзиши озмунҳо дар раҳнамоӣ ва ҷалби оммаи шаҳрвандон ба суйи илму маърифат зоҳир мешавад. Воқеан, озмунҳо як гардиши ҷиддӣ дар самти муроҷиат ба осори пурғановати гузаштагон ва адабиёту санъати ҷаҳонӣ гардид.
Вобаста ба аҳамият ва таъсири мусбати озмунҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ аз 28-уми декабри соли 2024 иброз доштанд, ки дар шаш сол дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 21 ҳазору 500 нафар иштирок карда, қариб 500 нафари онҳо соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидаанд. Дар озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» низ, то имрӯз 2 миллиону 60 ҳазор нафар шаҳрванди кишвар, хусусан, наврасону ҷавонон, иштирок карда, қариб 1000 нафар соҳиби шоҳҷоиза, ҷойҳои намунавӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гардидаанд.


«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»
Озмун ба таври бефосила аз соли 2019 баргузор мегардад. Мувофиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулони баргузории он вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳо оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, ки барои дар сатҳи баланд, шаффоф ва беғараз доир гардидани Озмун чораҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд.
Шоёни зикр аст, ки Озмуни ҷумҳуриявӣ дар доираи миқдори муайяни шахсон маҳдуд нагардида, баръакс, иштирокчиёни он намояндагони касбу кори гуногун, инчунин, ҳамватанони мо аз хориҷи кишвар ва шаҳрвандони хориҷӣ низ буда метавонанд. Яъне, озмун хосият ва аломатҳои сабқати байналмилалиро касб мекунад. Муҳимият ва афзалияти озмунро сол ба сол сатҳи баланди баргузорӣ, маҳорату заковат ва дараҷаи шоистаи дониши иштирокчиён намоиш медиҳад.


«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»
Озмун таҳти сарпарастии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2021 ҷараён дорад.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми январи соли 2020 солҳои 2020-2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон ва ҳамзамон, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» тасдиқ карда шуд, ки идомаи мантиқии якдигар мебошанд. Дар ин раванд бо анҷоми муҳлати он «Барномаи нави мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2026 - 2030», мувофиқ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми ноябри соли 2025 амалӣ хоҳад шуд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» тадбири мантиқӣ, муҳим ва саривақтӣ тавсиф мешавад, зеро он бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба фановарӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав гузаронда мешавад.
Мусаллам аст, ки дар шароити кунунӣ масъалаҳои «зеҳни сунъӣ», «рақамикунонӣ» ва «иқтисоди рақамӣ» дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ба рушду тақвияти ин падидаҳои ояндасоз таваҷҷуҳи аввалиндараҷа равона карда мешавад.
Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ба мақсади амалисозии Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, ноил шудан ба ҳадафҳои чашмдошти «Барномаи нави мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2026 – 2030», инчунин, ҳуҷҷатҳои дигари ба нақшагирии стратегӣ дар самти моликияти зеҳнӣ, иқтисоди рақамӣ, рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ ва падидаҳои дигари алоқаманд, мусоидат менамояд.
«ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» соли ҳаштум аст, ки зери таваҷҷуҳ ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.
Агар ҳадафи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дарёфти чеҳраҳои суханвару сухандон ва арҷгузор ба осори адибони классику муосир бошад, пас Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ба дарёфти чеҳраҳо ва истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва ҳунарҳои алоқаманд ба он, инчунин, ба муаррифии эҳёгарони фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мусоидат мекунад. Дар ин сурат ҳам ба донишу матншиносӣ ва лаҳни хониш таваҷҷуҳ карда мешавад, ки масъулияти ширкатдоронро зиёд мекунад.
Озмун ҳамасола, дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартҳову талаботи муқаррар дар сатҳи баланд доир гардида, ғолибон бо ҷоизаҳои пурарзиш қадрдонӣ мешаванд, ки аз ғамхориҳои пайваста ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат шаҳодат медиҳад.
Мутобиқи банди якуми Низомнома, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2026 тасдиқ гардидааст, ҳадафи Озмунро дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаҳои санъати мусиқӣ, сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум намоянд, ташкил медиҳад.
Хусусияти фарқкунандаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар он ифода меёбад, ки ҳамаи асарҳои мусиқӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн, инчунин, суруду оҳангҳои ба Озмун пешниҳодшаванда, мазмунан, тараннумгари шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик, дастовардҳои замони истиқлол, арҷ гузоштан ба анъанаҳои милливу мероси пурғановати ниёгон, табиати зебоманзари Тоҷикистон ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ мебошанд.
Баргузории пайвастаи Озмун тайи солҳои охир дар дарёфти истеъдодҳои ҷавону нотакрор ва воқеан, муаррификунандаи санъату анъанаҳои мардум, сабку шеваҳои хосса ва мактабҳои ҳунарӣ самараи бештар медиҳад. Озмун, албатта барои ҳунармандону сарояндагон ва санъаткорони тоҷик имконияти беҳтарини муаррифии малакаву маҳорат ба шумор меравад.


«ШОҲНОМАХОНӢ»
Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» соли 2026 – Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон карда шуд. Тавре ки мушоҳида мегардад, як қисмати муҳими ин ташаббусро «таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ташкил медиҳад.
Бо ташаббуси шоистаи Пешвои миллат китоби безаволи «Шоҳнома»-и Абдулқосими Фирдавсӣ нашр гардида, ба ҳамаи сокинони мамлакат ройгон тақдим карда шуд. Ин иқдом дар шинохти асари ҷовидона перомуни забону таърихи куҳанбунёди тоҷик – ориёиҳо ва қаҳрамониву достонҳои ҳаётии онҳо бо ҳеҷ осору амале қобили қиёс нест. Дар партави ин ҳама тадбирҳои судманд, ҳамзамон, дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми августи соли 2025 ба ифтихори 35-солагии Ҷашни муқаддаси Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади таҳкими ҳамаҷонибаи ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгонамон дар тули таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи хотираи таърихӣ ва бо ҳамин роҳ, шинохти беҳтари нақши миллати тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар асари мондагору пурарзиши ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ – «Шоҳнома» инъикос ёфтааст, баргузор мешавад.
Озмун дар байни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар ва шаҳрвандони хориҷӣ, ба истиснои узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, олимону муҳаққиқоне, ки вобаста ба «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ таҳқиқот анҷом додаанд ё рисолаҳои илмӣ навишта ҳимоя кардаанд, доир мегардад.


««ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ»
Китоби «Тоҷикон»-ро Президенти мамлакат шиносномаи миллат унвон кардаанд. Бо мақсади шинохти таърихи пурғановати миллати тамаддунофар ва куҳанбунёди тоҷик, ҳамзамон, ба ифтихори 115-солагии муаллифи китоби «Тоҷикон»– аллома Бобоҷон Ғафуров соли 2023, дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми июли соли 2022 Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» баргузор шуд. Ҳадаф аз баргузории Озмун арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгон, ифтихори ватандорӣ, эҳёи ному корномаи шахсиятҳои таърихӣ, ки дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров – «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтаанд, маҳсуб меёфт.
Ҳамин тавр, ташкил ва баргузории озмунҳои зикршуда идомаи сиёсати маорифпарварона ва фарҳангсолории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор рафта, ҷиҳати ҳавасмандӣ ва талошу кӯшиши аҳли ҷомеа дар роҳи илмомӯзӣ, аз бар кардани осори мондагори фарзандони фарзонаи миллат, рушди фарҳангу санъати миллӣ, дарёфти истеъдодҳои навовару ихтироъкор, пешрафти техника ва технологияи муосир ва ба ин васила, баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа мусоидат менамоянд.


Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА,
ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
профессор

Санаи нашр: 19.03.2026 №: 54