ҶОЙГОҲИ БЕНАЗИРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МУДИРИЯТИ ДАВЛАТ ВА ДИН

30 март 2026, Душанбе
3


Диндорӣ ва чигунагии истифодаи афрод аз дин ва мудирияти дин дар ҷомеаҳо ва кишварҳо аз маъзалҳо ва мушкилоте ҳастанд, ки ҳукуматҳо ва мардумро, бавижа дар кишварҳои исломӣ, даргир кардаанд. Мутаассифона, гурӯҳҳои тундрав, ифротӣ ва террористӣ дар ин солҳо бо суистифода аз дин эҳсосоти оммаи мардумро ба гаравгон мегиранд ва мардумро бо истифода аз дин фиреб медиҳанд.
Хушбахтона, Эмомалӣ Раҳмон, тавре ки дар сиёсатгузории модерну фарҳангӣ бо дарки дуруст ва воқеъгароёна бархӯрд кардааст, дар мудирияти дин дар ҷомеаи Тоҷикистон низ, воқеъгароёна ва хирадмандона бархӯрд намуда ва нагузошта, ки суистифодагарон динро ба гаравгон бигиранд ва мардуми тоҷикро фиреб диҳанд. Ҳимоят аз мардум дар баробари суистифодагарони дин ва гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ лозим ва зарурӣ аст. Агар Роҳбари Ҳукумат аз мардум дар баробари гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ ва суистифодагарони дин ҳимоят накунад, рӯзгори мардум мисли мардуми Афғонистон мешавад. Суистифодагарони дин ва гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ динро балои ҷони мардум месозанд ва ба дину диндорӣ низ осеб мерасонанд.
Мудирияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дину диндории ҷомеа дар сатҳи минтақа беназир ва муваффақона аст ва ба хубӣ тавониста миллати тоҷикро аз ифроту тафрити динию мазҳабӣ наҷот бидиҳад ва ҳам миллати тоҷик, ҳам дин, ҳам арзишҳои миллию мардумӣ, ҳам озодиҳои башарӣ ва ҳам модерн дошта бошанд. Миллати тоҷик мудирият ва бархӯрди хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмонро бо дину диндорӣ бояд хуб дарк бикунанд. Ин мудирияти хирадмандонаи Роҳбари Тоҷикистон аз дину диндорӣ дар ҳақиқат саодат ва хушбахтӣ барои миллати тоҷик аст.


Яъқуб ЯСНО,
доктори илмҳои суханшиносӣ

Санаи нашр: 20.03.2026 №: 55