КАНГУРТ. НАҚШИ НАВРӮЗ ДАР ҲИФЗИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ

31 март 2026, Сешанбе
8


Наврӯз яке аз куҳантарин ва муқаддастарин ҷашнҳои мардумони ориёӣ ба шумор рафта, рамзи эҳёи табиат, оғози соли нав ва навсозии зиндагии инсон мебошад. Дар сартосари Тоҷикистон, аз ҷумла мавзеи Кангурт, Наврӯз бо шукӯҳу ҷалоли хосса таҷлил мегардад. Кангуртиён аз қадим Наврӯзро ҳамчун иди дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва эҳтиром ба табиат ҷашн гирифта, суннатҳои ниёгонро бо эҳтироми зиёд нигоҳ медоранд.


Кангурт яке аз гӯшаҳои тамаддунофари Тоҷикистон буда, бо табиати зебо, таърихи бой ва фарҳанги қадимааш шинохта шудааст. Наврӯз дар Кангурт танҳо як ҷашни одӣ нест: он ҳамчун як рӯйдоди бузурги фарҳангӣ ва иҷтимоӣ таҷлил мегардад. Омодагӣ ба ҷашнвора аз охири моҳи феврал оғоз меёбад. Хонаву ҳавлӣ, боғу кӯчаҳо тоза карда мешаванд. Ҳар як оила мекӯшад, ки дар рӯзҳои наврӯзӣ кошонааш зебову ороста ва муназзам бошад.
Занҳову духтарон ба омода кардани таомҳои миллии наврӯзӣ машғул мешаванд. Яке аз таомҳои муҳим суманак мебошад, ки онро аз гандуми нешзада омода месозанд. Одатан шабона мепазанд ва духтарон дар гирди оташдон сурудҳои наврӯзӣ мехонанд.
Ғайр аз суманак, дар Кангурт таомҳои дигар низ омода мешаванд, аз ҷумла ҳалво, кулчаҳои наврӯзӣ, шириниҳои миллӣ, қурутобу шакароб.
Дар рӯзҳои Наврӯз дар Кангурт чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор мешаванд. Мардум либосҳои миллӣ ба бар карда, дар майдонҳо ҷамъ меоянд. Мусобиқаҳои варзишӣ ва бозиҳои анъанавӣ баргузор месозанд, ба монандӣ гӯштингирӣ, аспдавонӣ, бандкашӣ, давидану ҷаҳидан аз болои монеаҳо ва тухмҷанг. Ин бозиҳо на танҳо барои фароғат, балки барои нишон додани неру, чолокӣ ва ҳамбастагии ҷавонон ташкил мешаванд. Ҳамчунин, барномаҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд, ки дар онҳо ҳунармандон сурудҳои халқӣ иҷро мекунанд ва раққосон рақсу сурудҳои анъанавиро намоиш медиҳанд. Ин амал ба ҳифзи фарҳанги миллӣ ва интиқоли анъанаҳо ба наслҳои оянда мусоидат мекунад.
Дар маҷмуъ, таҷлили Наврӯз дар Кангурт намунаи равшани ҳифзи суннатҳои миллӣ ва фарҳанги мардумӣ мебошад.


Ғолиб МАҲМАДИЕВ, муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Санаи нашр: 21.03.2026 №: 56-57