ИШТИРОКИ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА ДАР ФОРУМИ «DIGITAL QAZAQSTAN»
Форум бо иштироки намояндагони кишварҳои гуногун, аз ҷумла сарвазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, роҳбарони ширкатҳои пешбари технологӣ, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон ва соҳибкорони соҳаи технологияи рақамӣ 27-уми март дар шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон доир гашт.
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор гардидани Форумро дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз рамзӣ дониста, илова кард, ки Наврӯз аз оғози давраи нави ҳаёт мужда медиҳад ва дастовардҳои технологӣ бошанд, боби наверо дар рушди кишварҳо мекушоянд.
Сарвазир мавқеи устувори Тоҷикистонро дар рушди иқтисоди рақамӣ баён намуда, таъкид кард, ки дар кишвар бо роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025 – 2030 Солҳои иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардид. Ӯ дар идома зарурати вусъати ҳамкории технологӣ байни кишварҳои минтақа ва ташкили «Роҳи рақамии Абрешим»-ро таъкид намуда, пешниҳод кард, ки ҳамкории кишварҳо дар самтҳои табодули таҷриба ва омодасозии кадрҳо, ҳамгироии платформаҳои рақамӣ ва содагардонии расмиёти электронии фаромарзӣ ва ҳамкории муштарак дар ҳисоббарориҳои абрӣ ва зеҳни сунъӣ фаъол шавад.
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПИРЯХҲО ДАР СММ
Бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк таҳти унвони «Пиряхҳо дар ҷаҳони тағйирёбанда: ҳифзи криосфераи сайёра» чорабинии сатҳи баланд баргузор шуд.
Дар ҳамоиш вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сухан ронда, таъкид кард, ки пиряхҳо яке аз нишондиҳандаҳои асосии тағйирёбии иқлим ба шумор рафта, дар нигоҳдории тавозуни гидрологӣ ва экологии Замин нақши калидӣ доранд. Обшавии босуръати пиряхҳо ба захираҳои оби тоза, амнияти озуқаворӣ, энергетика ва суботи иҷтимоию иқтисодӣ таъсири ҷиддии манфӣ мерасонад.
