ҶАЛАСАИ ШУРОИ АССАМБЛЕЯИ ПАРЛУМОНИИ СААД
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар рафти ҷаласаи сайёри Шурои Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко вохӯрд.
Ба навиштаи АМИТ «Ховар», Шуро дар фазои созанда баргузор гардида, ба таҳкими муносибатҳои ҳампаймонии давлатҳои аъзои Созмон мусоидат хоҳад намуд.
ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ТОТОРИСТОН
Дар шаҳри Қазон масъалаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия баррасӣ гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар додааст, ҷаласаи корӣ таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Миниханов сурат гирифт. Ҷонибҳо ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, кишоварзӣ, саноат, нақлиёт, маориф ва дигар самтҳои барои ҳар ду тараф манфиатдор таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
МУЛОҚОТИ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА БО ТЕРЕЗА ЧЕРВИНСКАЯ
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дар ҳошияи Форуми иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон сурат гирифт, бо ноиби президенти Бонки сармоягузории Аврупо Тереза Червинская мулоқот намуд.
Дар он имконоти сармоягузории Бонки мазкур ба иқтисоди Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкориҳои минбаъда мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифтанд.
104 ШАҲРВАНД БА ВАТАН БАРГАРДОНДА ШУД
Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 майи соли 2023 гурӯҳи навбатии шаҳрвандони Тоҷикистон бо теъдоди 104 нафар (29 оила), ки аз занон, наврасон ва тифлони хурдсол иборат мебошад, аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонда шуданд.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нафарони ба Ватан баргаштаро шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
МАШВАРАТИ СИЁСӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ОЛМОН
Дар Берлин даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон доир гашт.
Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар додааст, ки зимни музокирот ҷонибҳо вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд табодули афкор намуданд.
МУҲОКИМАИ НАТИҶАҲОИ КОНФРОНСИ ОБИ СММ
Дар қароргоҳи СММ вохӯрии кишварҳои узви Гурӯҳи дӯстони об ҷиҳати муҳокимаи натиҷаҳои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид (22-24 марти соли 2023) баргузор гардид.
Аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд, ки дар вохӯрӣ сухан аз боби бомуваффақият анҷом ёфтани Конфронс, аҳамият ва саҳми назарраси он ба равандҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор, рафт.
ТОҶИКИСТОН – ДАВЛАТИ АЗ ВАРАҶА ОЗОД
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар шаҳри Женеваи Швейтсария бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Тедрос Гебрейесус вохӯрд.
Ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз маркази матбуоти Вазорати мазкур хабар доданд, ки зимни вохӯрӣ аз ҷониби СҶТ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификати «Давлати аз вараҷа озод» тақдим шуд.
БАРРАСИИ МАСОИЛИ ГЛОБАЛИИ ЭКОЛОГӢ
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳавзавии Фонди глобалии экологӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон ва Швейтсария доир гардид, – иттилоъ медиҳад Кумитаи ҳифзи муҳити зист.
Иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои ҳифзи гуногунии биологию агробиологӣ, тағйирёбии иқлим ва таҳкими сохтори амнияти биологиро баррасӣ намуданд.
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)