АҲОЛӢ. БАЛАНД БАРДОШТАНИ САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ ва таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо ҳамчун истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026–2030” тасдиқ карда шуд.
Баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ дар рушди низоми бонкӣ, таъмини фаъолияти босамари он ва таҳкими эътимоди аҳолӣ ба низоми молиявии кишвар нақши муҳим дорад. Дар ин замина, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои молиявӣ ва шарикони рушд силсилаи тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ амалӣ мешаванд.
Бо назардошти густариши фарогирии молиявӣ, вусъати пардохтҳои ғайринақдӣ ва рушди босуръати хизматрасониҳои молиявии рақамӣ дар кишвар, аҳамияти саводнокии молиявии шаҳрвандон барои таъмини устувории низоми молиявӣ боз ҳам бештар гардидааст.
Мақсади асосии Барнома ташаккули рафтори оқилонаи молиявии шаҳрвандон ҳангоми қабули қарорҳо вобаста ба идоракунии маблағҳои шахсӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ҳамчун сармоягузор ва истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, инчунин, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тавассути истифодаи маҳсулот ва хизматрасониҳои босифати молиявӣ мебошад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БА ЭЪЛОМИЯИ КЕЙПТАУН ҲАМРОҲ ШУД
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми назорати суғуртавии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба Эъломияи Кейптаун оид ба Суғуртаи Фарогир (Cape Town Declaration on Inclusive Insurance) ҳамроҳ гардида, ба ин васила, ба Ташаббуси дастрасӣ ба суғурта (Access to Insurance Initiative - A2ii) пайваст шуд.
Ташаббуси дастрасӣ ба суғурта бо мақомҳои назорати суғуртавии кишварҳои аъзо ҷиҳати густариши фарогирии хизматрасониҳои суғуртавӣ дар саросари ҷаҳон ҳамкорӣ менамояд. Иштирокчиёни асосии он бонкҳои марказӣ, мақомоти назорати суғуртавӣ, вазоратҳои молия, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд, марказҳои тадқиқотӣ ва шабакаҳои шарикӣ, аз ҷумла Алянс, барои фарогирии молиявӣ (AFI) мебошанд.
Ташаббуси дастрасӣ ба суғурта ҳамчун ибтикори байналмилалӣ бо дастгирии Ассотсиатсияи байналмилалии мақомоти назорати суғуртавӣ (IAIS), Агентии Олмон оид ба Ҳамкории байналмилалӣ (GIZ), Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) ва дигар шарикони рушд таъсис дода шуда, аз соли 2009 инҷониб дар самти омӯзиши донишҳои соҳавӣ, мусоидат ба табодули таҷриба байни мутахассисони бахши суғурта ва тақвияти муколама байни танзимгарон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор нақши муҳим мебозад.
Ҳадафи асосии ин ташаббус тавсеаи фарогирии суғуртавӣ ва беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои суғуртавӣ дар ҷаҳон мебошад. Дар ин замина, як қатор самтҳои калидӣ, аз ҷумла дастгирии татбиқи Эъломияи Кейптаун оид ба суғуртаи фарогир, рушди равишҳои инноватсионӣ дар соҳаи суғуртаи фарогир ва ташкили платформаҳои табодули таҷриба барои танзимгарони соҳа, амалӣ мегарданд.
Самтҳои асосии фаъолияти Эъломияи Кейптаун танзими назорати суғуртаи хурд, рақамикунонии хизматрасониҳои суғуртавӣ, суғурта аз офатҳои табиӣ, баробарии гендерӣ, фарогирии молиявӣ ва таҳкими иқтидори касбии мақомоти танзимкунандаи соҳаи суғуртаро дар бар мегиранд.
Боиси зикр аст, ки Эъломияи мазкур дорои панҷ ҳадафи сатҳи баланд (High-Level Goals) мебошад, ки ба самтҳои стратегии рушди назорати суғуртавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқанд.
Пайвастан ба ин Ташаббус барои низоми суғуртаи кишвар имкони дастрасӣ ба таҷрибаи байналмилалӣ, такмили қонунгузории соҳавӣ, рушди равандҳои инноватсионии суғуртаи фарогири ба танзиму назорат нигарондашуда, таҳияи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалиро фароҳам меорад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
