ДАЪВАТИ ҲАРБӢ. ТАНТАНАҲОИ РӮЗИ АВВАЛ ДАР ВМКБ, ХАТЛОН ВА МИНТАҚАИ РАШТ
Дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми феврали соли 2026, № 1143 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ», 1-уми апрел маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо тантана ва руҳияи баланди ватандӯстӣ оғоз шуд.
Дар рӯзи аввали даъват теъдоди зиёди ихтиёриён – ҷавонони синну соли даъватӣ, довталабона ба нуқтаҳои сафарбаркунӣ ҳозир шуданд. Дар рӯзи нахуст Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, минтақаи Рашт, деҳоти Чоркӯҳу Ворухи шаҳри Исфара аз иҷрои нақша паём доданд.
1-уми апрел дар шаҳри Хоруғ, аз назди майдони Исмоили Сомонӣ то боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, бо иштироки афсарону сарбозони қисмҳои низомии мустақар дар вилоят, даъватшавандагон, кормандони идораву муассисаҳо, устодону донишҷӯён, собиқадорон, ҷавонону занон раҳпаймоии оммавӣ баргузор гардид.
Гуфта шуд, набояд фаромӯш сохт, ки наваскарони имсола дар марҳалае ба хизмати Модар – Ватан мераванд, ки кулли мардуми шарифи Тоҷикистон барои таҷлили сазовор аз Ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз омодагӣ дида истодаанд, аз ин рӯ, масъулияти онҳо дар адои хизмат ва ҳифзи ҳаёти осоиштаву меҳнати бунёдкоронаи халқи кишвар дучанд мебошад.
Вилояти Хатлон бошад, бори чорум тавонист нақшаи даъватро дар рӯзҳои аввал пурра иҷро намояд, ки нишондиҳандаи омодагии баланди ҷавонон ва тақвияти корҳои тарбиявию ватандӯстӣ дар вилоят мебошад.
Ба муносибати ин рӯйдоди муҳим, дар маркази вилоят – шаҳри Бохтар, Рӯзи даъватшаванда бо шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар саҳни комиссариати ҳарбии вилоят маросими ботантанаи гусели наваскарон баргузор шуда, сипас онҳо бо парчамҳо ва шиорҳои ватандӯстона то варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав роҳпаймоӣ намуданд.
1-уми апрел дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа дар ноҳияи Рашт низ, таҳти унвони «Ватан ҳар чи хоҳад, адо мекунем!» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ баргузор шуд.
Дар майдони қисми ҳарбӣ даъватшавандагон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ҳозир гардиданд. Ҳамин тариқ, ноҳияҳои Лахш, Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод ва Рашт нақшаи даъвати ҳарбиро дар рӯзи аввал иҷро намуданд.
Раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода иброз дошт, ки маҳз натиҷаи таваҷҷуҳу дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки муҳаббати ҷавонон ба Ватан ва ҳифзи марзи он пайваста зиёд мегардад. Ҷавонони бонангу номуси ноҳияҳои минтақаи Рашт масъулияти шаҳрвандӣ ҳис намуда, сари вақт ва ба таври ихтиёрӣ барои пайвастан ба сафи Артиши миллӣ ҳозир гардиданд.
Дар чорабинӣ ба зиёда аз 150 даъватшаванда, ки курси омӯзишии ронандагии Ташкилоти «Мададгори мудофиа»-ро хатм намуданд, шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим шуд.
Даъватшаванда Худойназар Илёсов аз ноҳияи Лахш иброз намуд, ки ҳимояи давлату миллат ҳимояи модару хоҳару номуси ҳар ҷавонмард бояд бошад. Саркашӣ кардан аз хизмати ҳарбӣ хиёнат намудан ба Ватану Модар ҳисоб мешавад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ,
“Ҷумҳурият”
