ДЕВАШТИЧ. ШАҲОМАТИ НАВРӮЗ ДАР НОҲИЯ

03 апрел 2026, Ҷумъа
7



Дар варзишгоҳи шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабиниҳои идона доир гаштанд.


Аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба хабарнигори рӯзнома хабар доданд, ки нахуст, меҳмонон хаймаҳо ва растаҳои гуногуни наврӯзиро тамошо намуда, бо намунаи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қолинбофӣ, бофандагӣ, сӯзанидӯзӣ, кулолгарӣ, гаҳворасозӣ, порадӯзӣ, зардӯзӣ, сангбурӣ ва маҳсидӯзӣ, инчунин маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, қаннодӣ ва таомҳои хоси Наврӯз шинос шуданд.
Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода иброз намуд, ки Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон аст, ва он таърихи зиёда аз шашҳазорсола дорад. Ин Ҷашни муборак дар масири таърих на танҳо ба мардуми мо, балки ба бисёр халқҳои олам пайки шодиву сурур, бахту саодат, шукуфоиву зебоӣ, оғози киштукор ва зиндашавии табиатро мерасонад.
Таҷлили бошукӯҳи Ҷашни байналмилалии Наврӯз моро водор менамояд, ки барои ободу зебо гардондани Ватан корҳои созандагию ободониро вусъат бахшида, барои таъмини зиндагии босаодат ва орому осудаи сокинон бештар заҳмат кашем ва сарҷамъу муттаҳид бошем.
«Наврӯзи имсола дар давраи омодагӣ ба Ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардида, ба тақвияти ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоду ягонагӣ мусоидат мекунад. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки таҳти раҳнамоиҳои хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву бунёдкориро барои истиқболи арзандаи ин Ҷашни таърихӣ ва сарнавиштсоз вусъат бахшем», – таъкид кард раиси ноҳия.
Сипас, аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиб ва рангини консертӣ пешниҳод гардид, ки дар он зебоиҳои Ватани маҳбуб, сулҳу ваҳдат ва Наврӯз васф карда шуданд.


Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 03.04.2026 №: 61