ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ. ГУЗОРИШ АЗ ВОХӮРИИ РОҲБАРОНИ МАҚОМОТИ ГУМРУК

03 апрел 2026, Ҷумъа
5


Дар Ҷумҳурии Корея, дар ҳошияи баргузории Семинари байналмилалии сиёсӣ оид ба содагардонии расмиёти савдо 2026: “Беҳтар намудани экосистемаи ҷаҳонии савдо” вохӯрии дуҷонибаи роҳбарони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея баргузор гардид.
Дар мулоқот сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хуршед Каримзода, комиссари Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея ҷаноби Мёнг-ку Ли, муовини сардори раёсати назорати пас аз барасмиятдарории гумрукӣ ва аудит Шодиён Сафар иштирок намуданд. Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи идоракунии гумрукӣ ва, ҳамчунин, масъалаҳои мусоидат ба рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни ду кишварро баррасӣ намуданд.
Ҷониби Тоҷикистон таъкид намуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Корея дорои хусусияти анъанавии дӯстона ва созанда мебошанд. Зикр гардид, ки аз соли 2023 инҷониб афзоиши назарраси гардиши савдои дуҷониба мушоҳида мегардад ва нишондиҳандаҳо нисбат ба давраҳои қаблӣ дар сатҳи баланд нигоҳ дошта мешаванд. Дар ин замина, барои рушди минбаъдаи савдои мутақобила ва фароҳам овардани шароити мусоид мақомоти гумрук нақши калидӣ дорад.
Дар ин дидор ба лоиҳаҳои муштараки амалишаванда таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид, аз ҷумла ба навсозии низоми идоракунии хавфҳо бо дастгирии Ҷумҳурии Корея, ки марбут ба рақамисозии расмиёти гумрукӣ, рушди мубодилаи байналмилалии маълумот ва ҷорӣ намудани стандартҳои муосири назорати гумрукӣ мебошад, хоссатан таъкид гардид. Ҷониби Тоҷикистон барои дастгирии техникӣ ва коршиносӣ изҳори сипос намуда, аҳамияти онро барои таҳкими иқтидори институтсионалии хадамоти гумрукӣ ёдовар шуд.
Дар навбати худ ҷаноби Мёнг-ку Ли, зикр намуд, ки Тоҷикистон ва Корея дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони ҷаҳонии гумрукӣ, ҳамкории фаъол доранд ва якдигарро дар татбиқи ташаббусҳои байналмилалӣ дастгирӣ мекунанд. Ӯ сатҳи баланди ҳамкориро таъкид намуда, омодагии худро барои густариши минбаъдаи он, аз ҷумла дар самтҳои рақамисозӣ, идоракунии хавфҳо ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси кадрҳо изҳор намуд.
Ҷонибҳо ҳавасмандии муштаракро ҷиҳати амиқгардонии ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла мубодилаи иттилооти пешакӣ, ҷорӣ намудани қарорҳои муосири рақамӣ, рушди низоми идоракунии хавфҳо, содагардонии расмиёти гумрукӣ, ҳамчунин, ташкили чорабиниҳои омӯзишӣ ва мубодилаи таҷрибаро тасдиқ карданд.
Вохӯрии баргузоршуда қадами муҳимест дар таҳкими минбаъдаи шарикӣ байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Корея ва бояд тазаккур дод, ки он дар оянда ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд мусоидат хоҳад кард.


Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 03.04.2026 №: 61