ДЕВАШТИЧ. ГУСЕЛИ ҶАВОНОНИ ВАТАНДӮСТИ НОҲИЯ БА МАКТАБИ ҶАВОНМАРДӢ
Дар ноҳияи Деваштич тантанаи гусели наваскарон бо иштироки фаъолон ва падару модарони даъватшудаҳо дар майдони Парчами давлатӣ бо шукӯҳу манзалат ва барномаи театрӣ баргузор гардид.
Тавре МИМҲД ноҳия хабар додааст, раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода навдаъватшудаҳоро ба муносибати пайвастан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шодбош гуфта, иброз дошт, ки имрӯзҳо аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат дар ҷузъу томҳои Артиши миллӣ шароитҳои зарурӣ барои будубош, истироҳат ва машқу тамрини сарбозону афсарон муҳайё буда, он рӯз ба рӯз хубтару беҳтар мегардад.
– Ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хидмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандиву конститутсионӣ ва рисолати мардонагист. Насли ҷавон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хидмат намуда, муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётро паси сар менамоянд. Маҳз, дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ ва муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд. Яъне, хидмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад, – иброз дошт раиси ноҳия.
![]()
Падару модарони даъватшудагон аз зиёд гаштани шумораи ҷавонони ватандӯст изҳори хушҳолӣ карда, иброз доштанд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи созанда ва бузурги ҷавонони саодатманд ва ҳимоятгарони хоки аҷдодӣ бовар дошта, амнияту субот ва пешрафту шукуфоии кишварро дар ҳисси баланди меҳанпарастӣ ва бозувони қавии онҳо мебинанд.
Ҷиҳати нақшаро дар рӯзи аввали даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сарбаландона иҷро намудан, раиси Ҷамоати деҳоти Росровут Раҳмон Шарифзода бо нишони сайёри Беҳтарин Ҷамоат оид ба иҷрои даъвати ҳарбӣ, раиси Ҷамоати деҳоти Муҷун Абдусамад Маҷидзода ва чанд нозири ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо сипоснома ва туҳфаи хотиравии МИМҲД ноҳияи Деваштич сарфароз гардиданд.
Ба наваскароне, ки курси ронандагиро дар ташкилоти мададгори мудофиаи Вазорати мудофиа дар ноҳияи Деваштич хатм намудаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ супурда шуд. Тибқи анъана, маросими “Нонгазон” доир гардида, хони идона ороста шуд.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 06.04.2026 №: 62