ФЕСТИВАЛ-НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲҲОИ ХОРИҶӢ ОҒОЗ ШУД

07 апрел 2026, Сешанбе
11


6-уми апрел дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими расмии ифтитоҳи сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид.
Муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ зикр кард, ки Фестивал дар муддати кӯтоҳ ба як формати беназири байналмилалии муколама табдил ёфта, барои ташаккули модели нави рушди таҳсилот, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам мусоидат менамояд.
Таъкид шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавии босуръат ва таҳдидҳои муосир, рушди ҳамгироии илму маориф, технология ва инноватсия аҳамияти калидӣ дошта, маҳз тавассути чунин платформаҳо метавон заминаи рушди устувори ҷомеа ва иқтисодиётро таъмин кард.
Фестивал-намоишгоҳ то 10-уми апрел дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва ноҳияи Данғара идома меёбад.


ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ИҶРО
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро (5-уми апрел) таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди низоми истеҳсолоти иҷро» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд.
Иброз гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии ташаббусҳои Хадамоти иҷро ба таҳким ва такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкилию инфрасохтори соҳа мусоидат намуд. Сифати иҷрои санадҳои судӣ, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор чанд маротиба баланд гардида, ин самти фаъолият давра ба давра ташаккул ёфта, ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонда мешавад.


Умаралӣ САФАРАЛӢ, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 07.04.2026 №: 63-64