“ҶУМҲУРИЯТ”. АЗ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ АВВАЛ НАТИҶАГИРӢ ШУД
Зимни ҷаласаи ҷамъбасти семоҳа сармуҳаррири рӯзнома Қурбоналӣ Раҳмонзода зикр намуд, ки “Ҷумҳурият” тибқи рисолаташ дар давраи ҳисоботӣ доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, ҷашнҳои Рӯзи Модар ва Наврӯзи оламафрӯз маводи зиёд ба нашр расонд. Ҳамчунин, дар ин давра фаъолияти хастагинопазири Роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла ҷараёни сафарҳои хориҷиву дохилӣ, ба таври васеъ инъикос гардид.
"Беҳтарин муваффақияти ҳайати эҷодӣ ин аст, ки ба ифтихори Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026) ва Ҷашни байналмилалии Наврӯз нашри махсус бо номи зебои “Ориёнома” бо чор забон дар ҳаҷми 72 саҳифа омода ва чоп намуд”, – иброз дошт сармуҳаррир.
Дар баробари ибрози назар оид ба боз ҳам таҳким бахшидани фаъолияти эҷодӣ, супориш дода шуд, ки давоми сол хабарнигорон доир ба корҳои созандагиву ободкорӣ ва тарғиби худшиносиву худогоҳии миллӣ матлабҳои бештар омода ва нашр намоянд.
Дар фарҷом бо натиҷагирӣ аз семоҳаи аввали соли 2026 дар се номинатсия кормандони беҳтарин муайян ва қадр карда шуданд. Дар номинатсияи “Беҳтарин муаллифи саҳифаи иттилоотӣ-фароғатии “Шоми шанбе” Фирӯз Раҳмониён, Дарвеш Қурбонов, Далер Иброҳимов, Иброҳими Сайфулло, Зикруллоҳ Раҷабзода, Наргис Розиқова, Носир Абдулҳақов, Хуршед Толибов ва Барноз Раҳмоншоева ғолиб дониста шуданд. Муовини сардори раёсати котибот Фирӯз Немонов беҳтарин корманди техникӣ, Шафоатулло Шокиров, Сайфулло Ашуров, Шаҳноза Қурбонова, Оҳистамоҳ Вафобек беҳтарин кормандони эҷодӣ эътироф шуданд.
![]()
Сармутахассиси шуъбаи иқтисод ва иҷтимоиёти рӯзнома, Аълочии матбуоти Тоҷикистон Кароматулло Ато бошад, дар семоҳаи аввали соли 2026 беҳтарин корманди эҷодӣ эълон шуда, бо медали "100-солагии рӯзномаи “Ҷумҳурият”" сазовор гашт.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
