МУРҒОБ. ИСТИҚБОЛИ ГАРМИ СОКИНОН АЗ ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗ

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар чорабиниҳои Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб ширкат кард. Дар ин сафар раиси вилоятро муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Лоиқ Раҳмонзода ҳамроҳӣ намуд.
Зимни сафар раиси вилоят ва ҳайати ҳамроҳонаш дар Ҷамоати деҳоти Аличур бо лоиҳаҳои сохтмони муассисаи томактабӣ барои 60 ҷой, майдончаи варзиш ва гармхонаи муосир, ки бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зист бунёд мегарданд, шинос шуданд. Сипас, бо иштироки раиси вилоят, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва раиси ноҳияи Мурғоб дар майдони 6 гектар марҳалаи аввали ниҳолшинонӣ оғоз гардида, дар ин мавзеъ 3 ҳазор ниҳоли дарахтони сояафкан шинонда шуд. Дар маркази ноҳия бошад, дар майдони 4 гектар боғ бунёд гардид.
Раиси ВМКБ барои нигоҳубини дуруст ва таъмин намудани сабзиши ниҳолҳо ба масъулон дастуру супоришҳо дод.
Тантанаҳои Наврӯзи оламафрӯз дар ноҳияи Мурғоб 6-уми апрел доир гашт. Алишер Мирзонабот зимни сухани табрикӣ зикр намуд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз мақоми ҷаҳонӣ касб намуда, имрӯз он на танҳо дар ватани Наврӯз, балки кишварҳои дигари дунё низ бо риояи анъанаҳои неки ниёгон ҷашн гирифта мешавад.
Наврӯз рамзи офариниши ҳаёт, эҳёи табиат ва оғози тозаи зиндагӣ буда, ҳамчун суннати ниёгони мо, ифодагари пирӯзии нур бар зулмот ва тантанаи некӣ бар бадӣ дониста мешавад.
Гуфта шуд, ки дар доираи Нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ватани азиз дар ноҳия бунёди 111 иншооти таъиноти иқтисодию иҷтимоӣ ба маблағи 180 млн 172 ҳазор сомонӣ ба инобат гирифта шуда, то имрӯз 100 иншоот ба истифода дода шуд. Дар баробари ин, берун аз нақшаи тасдиқгардида, боз сохтмони 40 иншооти дигар низ дар назар дошта шудааст.
“Бояд зикр намоям, ки иқдоми неки ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ дар қаламрави ноҳия тайи се соли охир ба ҳукми анъана даромада, то имрӯз зиёда аз 15 ҳазор ниҳоли дарахтони сояафкан ва мевадиҳанда, аз ҷумла хучу ангат, шинонда шудаанд. Мо ин ташаббуси наҷибро маҳз бо дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ карда, майдони онро ҳамасола васеъ ва Мурғобро дар ояндаи наздик ба мавзеи сабзу хуррам табдил хоҳем дод”, - иброз намуд раиси вилоят.
Барномаи фарҳангии аҳли ҳунари вилоят анҷомбахши чорабинӣ гардид.
Раҳмони ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”
