ҲАКИМБОЙ БА КУҶО РАВАД: НИҲОЛШИНОНӢ Ё ОШИ НАҲОР?

10 апрел 2026, Ҷумъа
2


Чанд сол боз тавассути шабакаҳои гуногуни радио ролики тарғиботии марҳами “Пардифен” паҳн мешавад, ки дар он ҳамсояи марде бо номи Ҳакимбой ӯро ба оши наҳори ҳаммаҳаллаашон даъват менамояд. Вале ӯ бо сабаби миёндард буданаш узр хоста, аз рафтан худдорӣ мекунад. Аммо ҳамсояи хайрхоҳ ба Ҳакимбой истифодаи марҳами “Пардифен”-ро маслиҳат медиҳад ва ӯ фавран сиҳат шуда, ба оши наҳор меравад.
Мутаассифона, тибқи мушоҳидаҳо, имрӯзҳо дар ҷомеа сафи ҳаводорони “оши наҳор” ё ба ибораи дигар, шумораи туфайлихӯрон афзуда истодааст. Раисони маҳаллаҳо шикоят мекунанд, ки ҳамеша теъдоди ширкаткунандагони оши наҳор дар қиёс бо иштирокчиёни ҳашар барои корҳои ободонӣ бамаротиб зиёд аст. Ҳарчанд ин раванди зиёд шудани туфайлихӯрон ба ролики тарғиботии зикршуда вобастагӣ надошта бошад ҳам, бо ворид кардани каме тағйирот мазмуни онро метавон ба самти мусбат тобиш дод. Масалан, хуб мешуд, ки ҳамсоя Ҳакимбойро на ба оши наҳор, балки ба ягон кори хайру савоби барои ҷомеа фоиданок, ба монанди ниҳолшинонӣ, тозакунии ҷӯю дарёча, ба тартиб даровардани оромгоҳ ё таъмири роҳи маҳалла ва амсоли инҳо даъват намояд.
Чунончи, дар охири варианти нави ролики тарғиботӣ Ҳакимбой метавонад бо гуфтани “Аз баракати “Пардифен” тавонистам, ки дар ободонии маҳалла (ё сарсабзии диёр) ҳисса гузорам”, рекламаро хотима бахшад.
Дар ин сурат, дору ҳам тарғиб мешаваду кори хайру савоб ҳам. Яъне, ба воситаи тарғиби маҳсулот таҳиягарон дар баланд шудани маърифати экологӣ ва ҷалбу дилгармии аҳолӣ ба корҳои ободонӣ ҳисса мегузоранд.
Агар дастандаркорон бо реклама дар замири шаҳрвандон ғояҳои меҳанпарастӣ, меҳнатдӯстӣ, саҳмгузорӣ дар ободонии Ватан ва амсоли инҳоро ҷо намоянд, бешубҳа зиндагиамон мазмуни тозатар мегирад.


С. НАҶМИДДИНЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 10.04.2026 №: 66