ТАНТАНАИ НАВРӮЗ ДАР ДЕҲАИ БУЛЁНИ ПОЁН

14 апрел 2026, Сешанбе
8


Дар доираи тантанаҳои наврӯзӣ, чанде пеш дар деҳаи Булёни Поёни Ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифови ноҳияи Данғара низ чорабинии идонаи пуршукӯҳ роҳандозӣ шуд.
Дар оғози чорабинӣ чун анъана сокинони меҳнаткаши деҳа бо риояи расму суннатҳои миллӣ хони наврӯзӣ ороста, таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, намунаҳо аз бозёфтҳои таърихӣ ва теъдоди зиёди дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд.
Зимни ҷамъомади тантанавӣ, иброз гардид, ки бо заҳмату талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси Ҷашни байналмилалӣ пазируфта шудани Наврӯз дарак аз он медиҳад, ки ҳанӯз аз замони қадим то имрӯз миллати мо бо холисии ният ва ормони олӣ ҷашнеро падид овардаанд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, самимияту садоқат ва покиву зебоиро дар пай дорад.
Чун анъанаи неки ниёгон, бозиҳои варзишӣ аз чорабиниҳои асосии Ҷашни наврӯзии деҳа буд. Давоми қариб як ҳафта то оғози ҷашн, ҷавонону наврасон дар мусобиқаҳои гӯштии миллӣ, волейбол ва дав ба масофаҳои гуногун қувва озмуданд.


Дар сабқати дави наврӯзӣ ба масофаи се километр, ки бо иштироки беш аз 100 нафар сурат гирифт, сокини деҳаи Булёни Поён Билолҷон Сайфуллоев ғолиб омада, бо диплом ва туҳфаи арзишманди хотиравӣ қадр шуд. Варзишгарони дигари деҳа Аҳлиддин Мухтор ва Сафармаҳмад Шамсзода мутаносибан ҷойҳои дуюм ва сеюмро соҳиб гардиданд.


Дар фарҷом зери навои савту суруди идона, бо дастгирии соҳибкорони бонангу номуси деҳа ва дигар ҷавонони ватандӯст хатнасури наздики 40 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд баргузор гардид. Дар фазои идона ба соҳибҷашнҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.


Падару модарон ибтикори ҷавонони саховатпешаи деҳаро пайравии содиқона аз ташаббусҳои башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат унвон дода, ба онҳо изҳори сипос намуданд.


Дарвеш ҚУРБОНОВ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 14.04.2026 №: 68