ҲУШДОР. АДОИ ҲАҶ БО РОҲҲОИ ҒАЙРИРАСМӢ ПАЙОМАДИ НОХУБ ДОРАД
![]()
Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри изҳороте ба шаҳрвандон ҳушдор дод, ки вобаста ба адои маносики ҳаҷҷи фарзӣ ба ваъдаи бардурӯғи шахсони манфиатхоҳ бовар накунанд, зеро тибқи талаботи Вазорати ҳаҷ ва умраи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ муҳлати барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои зоирони мавсими имсолаи ҳаҷ кайҳо анҷом ёфта, пас аз ин ҳеҷ ширкати сайёҳӣ ё афроди миёнарав имкони таҳияи асноди заруриро надоранд.
Ин ниҳод бо нигаронӣ иттилоъ дод, ки афроди алоҳидае барои ба даст овардани манфиати молӣ гурӯҳе аз шаҳрвандони ноогоҳро бо роҳи фиреб ва бо ваъдаи адои ҳаҷҷи фарзӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бурдаву сарсон кардаанд. Ҳоло гурӯҳи шаҳрвандони фиребхӯрда аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои баргаштан ба Ватан ёрӣ мехоҳанд.
Дар ин робита гуфта мешавад, ки афроди манфиатхоҳ бо таҳияи бейҷикҳои тақаллубӣ шаҳрвандонро бовар кунондаанд, ки барои адои маросими ҳаҷҷи фарзӣ ба онҳо кумак менамоянд. Ин дар ҳолест, ки ба таъкиди мақоми ваколатдори давлатӣ, бейҷикҳо, аслан қувваи ҳуқуқӣ надошта, ҳеҷ гуна кафолати будубоши қонунӣ дар мавсими ҳаҷро дода наметавонанд.
Кумита таъкид мекунад, ки адои маносики ҳаҷҷи фарзӣ танҳо дар асоси тартиботи расмии муайяншуда ва тавассути сохторҳои ваколатдори давлатӣ имконпазир буда, ҳама гуна кӯшиши адои ҳаҷ бо роҳҳои ғайрирасмӣ метавонад пайомадҳои сангин дошта бошад.
Фирӯз РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»
