ЗАФАРОБОД. САЙЁҲӢ, ДАСТОВАРДҲО ВА ДУРНАМО
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва густариши равандҳои иқтисодӣ сайёҳӣ ба яке аз бахшҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо дарназардошти имкониятҳои фаровони табиӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ, ба рушди ин соҳа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Дар ин замина, ноҳияи Зафаробод ҳамчун яке аз минтақаҳои дорои захираҳои хуби соҳавӣ метавонад дар оянда ба як маркази ҷолиби сайёҳӣ табдил ёбад. Ҳарчанд нишондиҳандаҳои имрӯза ҳанӯз қонеъкунанда нестанд, аммо тамоюлҳои мусбат ва иқдомҳои амалӣ аз рушду пешрафти тадриҷии соҳа дарак медиҳанд.
Тибқи маълумот, соли 2025 ба ноҳияи Зафаробод 772 сайёҳ ташриф овардааст, ки аз ин шумора 109 нафараш сайёҳи хориҷӣ мебошад. Ин нишон медиҳад, ки ноҳия, аллакай, ба фазои сайёҳии байналмилалӣ ворид гардида истодааст, аммо теъдоди сайёҳони хориҷӣ ҳанӯз кам буда, зарурати тақвияти корҳои таблиғотӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии ноҳия дар сатҳи байналмилалиро пеш мегузорад.
Яке аз самтҳои муҳими рушди сайёҳӣ дар ноҳия эҳё ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Дар ин робита, дар бозори “Бадахшон” барои фурӯши маҳсулоти дастии ҳунармандон дукони махсус кушода шуд, ки қадами муҳим дар роҳи пайвастани иқтисоди маҳаллӣ бо соҳаи сайёҳӣ мебошад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки сайёҳон бо фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ аз наздик ошно шаванд ва аҳолии маҳаллӣ даромади иловагӣ ба даст орад.
Бино ба иттилои муовини раиси ноҳия Тӯйғун Шарифзода, дар самти рушди инфрасохтор низ корҳои муайян ба анҷом расида истодаанд. Фаъолияти меҳмонхонаи “Ситора”, ки метавонад то 61 нафарро дар як вақт қабул намояд, намунаи ибтидоии ташкили хидматрасонии муосир ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди ин, шумораи умумии меҳмонон (269 нафар дар як сол) нишон медиҳад, ки имкониятҳои мавҷуда пурра истифода намешаванд.
Қобили зикр аст, ки барои беҳтар намудани шароити хидматрасонӣ ба сайёҳон дар назди гузаргоҳҳои сарҳадӣ ташкили нуқтаҳои махсуси хидматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст. Пешниҳодҳои соҳибкорон дар ин самт нишонаи афзоиши таваҷҷуҳи бахши хусусӣ ба соҳаи сайёҳӣ мебошад.
Чорабиниҳои ободониву кабудизоркунӣ, аз ҷумла шинондани зиёда аз 40 ҳазор бех ниҳол ва беш аз 90 ҳазор гули ороишӣ, барои беҳтар кардани симои зоҳирии ноҳия ва фароҳам овардани муҳити ҷолиб барои сайёҳон аҳамияти калон доранд. Муҳити тоза ва зебо яке аз омилҳои муҳими ҷалби сайёҳон ба ҳисоб меравад.
Бо вуҷуди ин, бино ба таъкиди мутахассисон, як қатор мушкилоти ҷиддӣ рушди соҳаи сайёҳиро маҳдуд месозанд. Аз ҷумла, ҳолати ғайриқаноатбахши роҳҳо дастрасии сайёҳонро ба мавзеъҳои гуногуни ноҳия мушкил мегардонад. Илова бар ин, набудани воҳиди алоҳидаи идоракунандаи соҳаи сайёҳӣ боис мегардад, ки фаъолияти соҳа ба таври мутамарказ ва самаранок ба роҳ монда нашавад. Ин омилҳо зарурати андешидани тадбирҳои муассирро дар сатҳи идоракунӣ ва инфрасохторӣ ба миён меоранд.
Рушди сайёҳӣ дар ноҳияи Зафаробод дар марҳалаи ташаккул қарор дошта, дорои имкониятҳои васеи рушд мебошад. Иқдомҳои амалӣ, аз ҷумла дастгирии ҳунарҳои мардумӣ, беҳтарсозии инфрасохтор ва корҳои ободонӣ, заминаи мусоид барои пешрафти минбаъдаи соҳа фароҳам овардаанд. Дар баробари ин, беҳтар намудани ҳолати роҳҳо ва инфрасохтори нақлиётӣ, густариши ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва ҷалби сармоягузорон, тақвияти таблиғ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ дар сатҳи дохилӣ ва байналмилалӣ, рушди сайёҳии экологӣ, фарҳангӣ ва аграрӣ ба рушди сайёҳӣ дар минтақа мусоидат карда метавонад.
Бо татбиқи ин тадбирҳо ноҳияи Зафаробод метавонад мавқеи худро дар харитаи сайёҳии кишвар таҳким бахшида, ба яке аз самтҳои ҷолиби сайёҳӣ табдил ёбад.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
