НОҲИЯИ АЙНӢ. "ҶУМҲУРИЯТ" ДАР ТАНТАНАИ ЗОДРӮЗИ УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ ҚАДРДОНӢ ШУД

16 апрел 2026, Панҷшанбе
2


Дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали Аҳрории ноҳияи Айнӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бахшида ба зодрӯзи асосгузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ ҳамоиши илмӣ-адабӣ ва фарҳангӣ зери унвони “Солонаи Айнӣ” баргузор шуд.
Дар ҳамоиш намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, олимону адибони шинохта, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кормандони муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, инчунин, дӯстдорони илму адаб иштирок намуданд.
Қисмати расмии ҳамоиш аз маросими гузоштани гулчанбар дар назди пайкараи устод Садриддин Айнӣ оғоз гардид. Иштирокчиён бо эҳсоси ифтихор ва эҳтироми хосса хотираи ин абармарди илму адабро гиромӣ дошта, саҳми бузурги ӯро дар ташаккули адабиёти муосири тоҷик ва бедории худшиносии миллӣ таъкид намуданд.
Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода дар баромади худ, аз ҷумла чунин гуфт: “Ин чорабинӣ на танҳо шарафи таърих ва адабиёт, балки омили тарбияи маънавӣ ва худшиносии миллии аҳли ҷомеа мебошад. Устод Садриддин Айнӣ бо эҷодиёти худ на танҳо адабиёти тоҷикро пойдор намуд, балки ба мо меъёрҳои баланди маънавӣ ва худшиносии миллиро мерос гузошт. Аз ин рӯ, гиромидошти шахсият ва осори ӯ вазифаи ҳар як сокини кишвар мебошад”.
Қисмати илмии ҳамоиш бо маърузаҳои пурмуҳтаво ва таҳлилҳои амиқи олимону муҳаққиқон идома ёфт. Намояндаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшани Махсумзод доир ба мероси адабии устод Айнӣ ва нақши он дар ташаккули тафаккури миллӣ сухан гуфт. Ҳамчунин, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасан Султон оид ба саҳми устод дар рушди забони адабии тоҷикӣ андешаҳои ҷолиб баён кард.


Ҳамчунин, дар ҷараёни ҳамоиш нахустин нусхаҳои “Куллиёт”-и устод Садриддин Айнӣ, ки аз ҷониби Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба табъ расидаанд, рӯнамоӣ гардид. Ин иқдом ҳамчун рӯйдоди муҳими илмӣ ва фарҳангӣ арзёбӣ шуда, ба таҳқиқу омӯзиши амиқтари мероси устод заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар чорабинӣ зикр шуд, ки устод Айнӣ дар баробари эҷоди асарҳои бадеӣ, тавассути чопи мақолаҳо дар рӯзномаи маъруфи “Ҷумҳурият” (он вақт “Тоҷикистони сурх”), ки чанде пеш 101-сола шуд, дар тарбия ва худшиносии ҷомеа саҳми муносиб гузоштаанд. Ба ин муносибат Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” бо ҷоизаи таъсисдодаи МИМҲД ноҳияи Айнӣ сарфароз гашт.
Дар фарҷом ҳунармандон аз ашъори устод Айнӣ суруду таронаҳо иҷро намуда, ҳамоишро таровати идона бахшиданд.


“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 16.04.2026 №: 70