МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ШЕРАРД КАУПЕР-КОУЛЗ

16 апрел 2026, Панҷшанбе
2


Дар доираи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо ноиби президент, котиби корпоративии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ ҷаноби Шерард Каупер-Коулз мулоқот намуд.
Дар рафти гуфтушунид ҷонибҳо раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва инфрасохтори иҷтимоиро мавриди баррасӣ қарор дода, саҳми Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохториро дар маблағгузории лоиҳаҳои стратегӣ, аз қабили НБО «Роғун», таҷдиди НБО «Норак», сохтмони роҳҳо ва пулҳо муҳим арзёбӣ намуданд.
Зикр гардид, ки густариши ҳамкорӣ дар самтҳои «энергетикаи сабз», рушди инфрасохтори нақлиётӣ, истифодаи устувори захираҳои об ва ҷалби сармоягузориҳои дарозмуддат барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва тақвияти ҳамгироии минтақавии Тоҷикистон аҳамияти калидӣ дорад.
Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии муҳити иқтисодии ҷаҳонӣ рушди устувори макроиқтисодиро нигоҳ дошта, татбиқи ислоҳоти сохторӣ ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷиро идома медиҳад. Инчунин, ба ҳамкориҳои минбаъдаи мутақобилан судманд бо шарикони байналмилалии рушд ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок, таҳкими суботи иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ мусоидат хоҳад намуд.
Дар мулоқот вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқӣ Завқизода ва намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ХБА ва Бонки ҷаҳонӣ Пайрав Амирзода иштирок доштанд.


Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 16.04.2026 №: 70