Дар Женева оид ба Устувонаи Куруши Кабир ҳамоиш доир шуд
15-уми апрел дар шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева бо ташаббуси Намояндагии доимии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Намояндагии доимии Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқу озодиҳои муосири инсон» ҳамоиши сатҳи баланд баргузор шуд.
Иброз гардид, ки Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккул ва рушди санадҳои бунёдии байналмилалии марбут ба ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши муҳим гузоштааст.
Дар ҳамоиш ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон – Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2027 аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ, инчунин, ҳадафу вазифаҳои он, муаррифӣ ва муҳокима гардид.
Иштироки директори Агентии авиатсияи гражданӣ дар симпозиуми ICAO
14 – 16-уми апрел дар Марокаш Симпозиуми глобалии Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ –
GISS – 2026 баргузор гардид, ки дар он директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳабибулло Назарзода иштирок намуд.
Дар доираи Симпозиум, ҷаласаҳои панелӣ ва вохӯриҳои сатҳи баланд ҷиҳати рушди амнияти байналмилалии авиатсия ва таҳкими механизмҳои ҳамкории минтақавӣ доир шуданд.
Дар натиҷаи чорабиниҳо, бо дастгирии 22 давлат санад қабул шуд, ки ба татбиқи Нақшаи стратегии Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ барои солҳои 2026 – 2050 равона гардида, ҳадафи он таъмини нақлиёти ҳавоии бехатар, боэътимод ва устувор, инчунин, ноил шудан ба сатҳи поёнтарини партовҳои карбон дар саноат мебошад.
Ҳамоиши ҳизбиён ба ифтихори Рӯзи пойтахт
16-уми апрел ба ифтихори Рӯзи пойтахт дар толори Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим таҳти унвони “ҲХДТ Душанбе – таблиғгари арзишҳои миллию давлатӣ дар қалби Тоҷикистон” ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ баргузор шуд.
Зикр гардид, ки шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистон, ҳамчун рамзи истиқлолу озодӣ, маркази илму фарҳанг ва дорои инфрасохтори пешрафтаи муосир рисолати муаррифии давлату миллатро бар дӯш дорад. Ҳар меҳмоне, ки вориди пойтахт мегардад, бо тамошои кӯчаву хиёбонҳо ва мушоҳидаи рафтору гуфтор ва кирдори сокинон ба фарҳанги миллӣ, сатҳи иқтисоду иҷтимоъ ва илму адаби миллати мо дар маҷмуъ баҳо медиҳад.
Форуми сеюми байналмилалии «Суғд – чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим» оғоз шуд
16-уми апрел дар шаҳри Хуҷанд Форуми сеюми байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони «Суғд – чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим» оғоз гардид, ки дар он зиёда аз 500 намояндаи соҳаи сайёҳӣ аз 9 мамлакат ва 25 минтақаи ҷаҳон иштирок доранд.
Ҳадафи форум муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистон, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва табодули таҷриба байни мутахассисони соҳаи сайёҳии кишварҳои гуногун мебошад.
Таъкид шуд, ки дар вилояти Суғд бунёди даҳҳо иншооти соҳаи сайёҳӣ идома дошта, то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешаванд. Ин иншоот ба таъсиси ҷойҳои нави кор, беҳтар шудани инфрасохтор ва татбиқи Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 мусоидат мекунанд.
