ВАТАНДӮСТӢ. МАСЪАЛАИ МЕҲВАРИЕ, КИ ТАҲКИМАШ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ!

20 апрел 2026, Душанбе
7


Дар шароити мураккабу ноором ва тағйиру таҳаввулоти вазъи сиёсии ҷаҳони муосир, ки дар пай хатари аз байн рафтани давлату халқиятҳо ва забону фарҳангҳоро ба вуҷуд овардааст, мавзуи ватандӯстӣ, алалхусус, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аҳамияти муҳим касб намудааст.
Давлату Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии шаҳрвандон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд. Махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёмҳояшон ба Маҷлиси Олӣ пайваста ба масъалаи ватандӯстӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд.
Санади қонунгузории махсус ва ягона, ки ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар шароити равандҳои пуртуғёни ҷаҳонишавӣ ташаккули тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва таҳкиму тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ ҳамчун омили асосии мустаҳкамии пояҳои давлатдорӣ маҳсуб мешавад.
Бо назардошти он ки дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм ҳамчун зуҳуроти номатлубу зишт ва пурдаҳшату хатарафзо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, сулҳу субот, амнияти давлатҳо ва рушди устувори онҳо таҳдид менамоянд, масъалаи мавриди назар аҳамияти бештар аз пештар пайдо менамояд. Аз ин лиҳоз, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» барои кишвар муҳим ва талаби замон буда, баҳри тарбияи шаҳрвандон, хусусан, ҷавонон дар руҳияи муносибати ватандӯстона ба ҷомеа ва давлат дар заминаи фаъолияти баланди ҷамъиятӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, омодагӣ ва қобилияти хизмат ба Ватан, ҳифзу таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳим ва рушди устувори давлат мусоидат мекунад.
Дар асоси моддаи 1 Қонуни зикргардида ватандӯстӣ ҳамчун муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, ҳифз намудан аз душман ва ба манфиати онҳо содиқона хизмат кардан, маънидод шудааст.
Воқеан, мақсаду мароми Қонуни зикргардида аз даъвати шаҳрвандон ба ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои миллӣ, эҳтиром ба қонун, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии Тоҷикистони соҳибистиқлол иборат мебошад.
Моддаи 6 Қонуни мазкур ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бахшида шуда, пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, тасдиқи дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ташаккул додани заминаи меъёрию ҳуқуқии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аз ҷумлаи салоҳияти Ҳукумати мамлакат мебошанд.
Тавре аз таҳлили моддаҳои Қонун маълум гардид, он ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон вазифаҳои муҳимро вогузор намудааст.
Ҳамин тариқ, Қонуни мазкур принсипҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, танзими ҳуқуқии муносибатҳо дар ин соҳа, низоми тарбияи ватандӯстӣ ва таъмини иттилоотӣ-таҳлилии он, таъмини илмӣ ва таълимию методии тарбияи ватандӯстӣ, таъмини меъёрию ҳуқуқии фаъолият дар ин соҳа, таъмини ташкилию методӣ ва идоракунии низоми тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, омода намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо барои низоми тарбияи ватандӯстӣ, таъмини молиявӣ-иқтисодии тарбияи ватандӯстӣ, амалигардонии танзими давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи сиёсати давлатӣ оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва ғайраро танзим намудааст.
Қонуни мазкур аз мазмуну моҳияти баланд бархӯрдор буда, зарур аст, ки шарҳу тавзеҳи он дар байни аҳли ҷомеа аз ҷониби олимон ва мутахассисони ҳирфаӣ ба роҳ монда шавад, зеро баъзан вақт тавассути воситаҳои ахбори омма, хусусан, шабакаҳои иҷтимоӣ мушоҳида мешавад, ки мазмуну моҳияти онро ҷавонони камтаҷриба ва мутахассисони ғайрикасбӣ шарҳ медиҳанд, ки чунин ҳолат дар маҷмуъ, боиси душворфаҳм шудани мазмуну муҳтавои қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа мегарданд.
Ду даҳсола аст, ки Тоҷикистон бо ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии худ дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуда, эътибору нуфуз ва эҳтиромаш баланд гардидааст, зеро ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои обу иқлим, фарҳанг, маърифати ҳуқуқӣ ва масоили дигар, дар умум, барои ҳифз ва пешрафти ҳуқуқи инсон равона шудаанд.
Бо ин назардошт, хуб мешуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси навбатӣ марбут ба «Соли байналмилалии тарбияи ватандӯстӣ» эълон намудани соли 2028 баромад намуда, онро ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод созад. Вазъи сиёсии ҷаҳон инро тақозо дорад, зеро баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии сокинони кишварҳои ҷаҳон хеле муҳим аст. Умед аст, ки ин ташаббус низ бо иттифоқи оро аз ҷониби давлатҳои узви СММ пазируфта мешавад ва нуфузи Тоҷикистонро боз ҳам афзун мегардонад.
Ҳамзамон, таъсиси сохтори алоҳида оид ба амалӣ намудани масъалаи зикршуда муҳим ва ба нафъи кор мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар баъзе аз давлатҳо сохтори алоҳида вобаста ба ватандӯстӣ вуҷуд дорад. Масалан, дар Ҷумҳурии Корея Вазорати кор бо ватандӯстӣ ва собиқадорон таъсис дода шудааст. Ҳамчунин, дар давлатҳои Индонезия ва Нигерия низ агентиҳои махсус таъсис дода шудаанд, ки дар маҷмуъ, ташаккули тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аз ҷумлаи вазифаҳои асосии онҳо мебошад.
Дар замони муосир ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ доштани шаҳрвандон хеле муҳим арзёбӣ мешавад. Бо мақсади ташаккули тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон манзур намудани боз як қатор таклифу пешниҳодҳои дигарро мувофиқи мақсад мешуморем:
– ба роҳ мондани омӯзиши ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ;
– омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти мазкур дар хонишҳои идоравии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар роҳандозӣ карда шавад;
– дар Рӯзи Артиши миллӣ, ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, идҳои касбӣ гузарондани конфронс, мизҳои мудаввар ва чорабиниҳои дигари иттилоотӣ ва дар онҳо матраҳ гардидани мавзуи ватандӯстӣ низ саривақтӣ ва зарур ҳисобида мешавад;
– зарур аст, ки ватандӯстии тоҷикони хориҷи кишвар баланд бардошта шавад, то дар дилхоҳ ҳолат ҳозир бошанд, ки аз манфиатҳои фарҳангиву сиёсии сарзамини аҷдодии худ дифоъ намоянд. Ин масъала, аз сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои дигар масъулият тақозо менамояд;
– ба роҳ мондани фанни алоҳида зери номи «Тарбияи ватандӯстӣ» дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олии касбӣ;
– дар доираи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ шудани масъалаи эълон гардидани солҳои 2027-2031 дар мамлакат ҳамчун «Солҳои тарбияи ватандӯстӣ» хеле муҳим ва саривақтӣ хоҳад буд.


Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА,
сардори шуъбаи байналмилалӣ, иттилоотӣ, таҳлилӣ ва ташкилии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Санаи нашр: 20.04.2026 №: 72