«ХАТЛОН: САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАРГУЗОР МЕГАРДАД

21 апрел 2026, Сешанбе
15

Дар доираи татбиқи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рӯзҳои 4-5-уми июни соли равон дар ноҳияи Муъминобод Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ «Хатлон: сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» баргузор мегардад.

Чорабинии мазкур бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон ва ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори соҳа ташкил гардида, барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ, таблиғи захираҳои таърихию фарҳангӣ, табобатию экологӣ, кӯҳнавардӣ ва дигар намудҳои сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар доираи чорабинӣ муаррифии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, баимзорасонии санадҳои ҳамкорӣ ва баргузории мулоқотҳои дуҷониба дар формати B2B ва B2G дар назар аст.
Дар баробари ҷаласаҳои пленарӣ, кори Форум дар се бахши муҳим – рақамикунонии хидматрасониҳои сайёҳӣ бо истифода аз зеҳни сунъӣ, рушди сайёҳии тиббӣ ва солимгардонӣ, инчунин, фарҳанги эҷодӣ ва ҳунарҳои мардумӣ идома хоҳад ёфт. Ҳамчунин, дар доираи Форум намоишгоҳи имкониятҳои сайёҳӣ ва армуғонҳои вилояти Хатлон баргузор гардида, ба иштирокдорон шароити мусоид барои муаррифӣ ва фурӯши маҳсулоти сайёҳӣ, инчунин, шиносоӣ бо таомҳои миллӣ фароҳам оварда мешавад.
Ташкилкунандагон таъкид менамоянд, ки чунин чорабиниҳо дар роҳи рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои кишвар ва ҷалби сармоя нақши муҳим дошта, ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат менамоянд.
Дар ин бора хабарнигори рӯзнома аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон маълумот гирифт.


Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 21.04.2026 №: 73-74