БОЗДИД АЗ НАМОИШГОҲИ САММИТИ МИНТАҚАВИИ ЭКОЛОГӢ

27 апрел 2026, Душанбе
2


22-юми апрел Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар ҳошияи Саммити минтақавии экологӣ дар мавзуи “Диди муштарак барои ояндаи устувор” якҷо бо дигар сарварони давлатҳо ва ҳайатҳои иштирокдор аз намоишгоҳ боздид намуданд.
Дар намоишгоҳ павилиони Тоҷикистон ҳам мавҷуд аст, ки саҳми кишвари моро дар пешбурди рӯзномаи иқлим нишон медиҳад.
Ба сарварони давлатҳо дар павилиони Тоҷикистон оид ба мушкилоти ҷаҳонии обшавии пиряхҳо, ҳифзи гуногунии биологӣ, беҳдошти муҳити зист, аҳамияту авлавияти гузариш ба “иқтисоди сабз” ва рушди экотуризм маълумот пешкаш гардид.
Дар гӯшаи Тоҷикистон гуногунии табиат ва мероси фарҳангии Тоҷикистон, анъанаҳо, ҳунарҳо ва санъат, ки робитаи амиқи мардумро бо муҳити зист инъикос мекунанд, мақоми хоса дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Тоҷикистон ба ҳифзи гуногунии биологӣ ва робитаи инсону табиат диққати махсус медиҳанд. Татбиқи босамари барномаҳои ҳифзи озодапаланг (бабри барфӣ) ва барқарорсозии саршумори бузи пармашоху гӯсфанди кӯҳии архар (Марко Поло) аз ҷумлаи тадбирҳои назарраси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Санаи нашр: 23.04.2026 №: 75