Ҷаласаи Шурои соҳибкории Русияву Тоҷикистон

27 апрел 2026, Душанбе
7


Дар ҷаласа, ки дар шаҳри Москва сурат гирифт, масъалаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни минтақаҳои ду давлат баррасӣ гардид.
Дар доираи ҷаласа раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия Сергей Катирин вохӯрд. Ҷонибҳо аз ҳамкории Тоҷикистону Русия изҳори қаноатмандӣ намуда, афзуданд, ки рушди устувори муносибатҳои дуҷониба самараи сиёсати оқилона ва дурандешонаи сарварони ду давлат мебошад.
Иброз гардид, ки дар вилояти Суғд беш аз 80 ҳазор гектар боғ мавҷуд буда, дар мавсим ҳамарӯза то 1000 тонна маҳсулот ба Федератсияи Русия содирот мешавад. Дар вохӯрӣ имконияти сармоягузории вилояти Суғд низ муаррифӣ шуд.


Иштироки Рамазон Раҳимзода дар Форуми муқовимат бо таҳдидҳои фаромиллӣ
19 – 21-уми апрел дар шаҳри Тошкент дар мавзуи «Муқовимат ба таҳдидҳои фаромилии маводи нашъаовар ба хотири саломатӣ ва амнияти ҷамъиятӣ» Форуми байналмилалӣ доир гашт, ки дар он вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода иштирок кард.
Дар Форум, ҳамчунин, намояндагони воломақоми Ӯзбекистон, созмонҳои байналмилалӣ, вазирони корҳои дохилӣ аз давлатҳои ИДМ, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Гурҷистон, Туркия, Италия ва Корея иштирок намуданд.


ДАЪВАТ – 2026
Нақшаи даъвати ҷавонон 89,1 дарсад иҷро гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 20 рӯзи аввал 89,1 дарсадро ташкил дод.
Ба иттилои Вазорати мудофиа, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон нақшаи даъватро иҷро намуданд.
Иҷрои нақша дар ҳудуди вилояти Суғд ба 78,5 фоиз, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 76,7 фоиз баробар аст.
Даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999 – 2008 ба сафи Артиши миллӣ то 31-уми май идома меёбад.


Ҷаласаи Муколамаи занон – роҳбарони Осиёи Марказӣ доир шуд
Мавзуи ҷаласа, ки ба таври онлайнӣ гузашт, «Занони Осиёи Марказӣ: вазифаҳои афзалиятнок ва амалҳои муштарак» буд.
Иброз гардид, ки баланд бардоштани нақши занон дар Осиёи Марказӣ на танҳо омили рушди ҷомеа, балки гарави сулҳу субот ва рушди иқтисодӣ буда, Муколама ҳамбастагӣ ва ҳамкории занонро ба сатҳи нав мебарад.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки ин ҷаласа ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои муҳими Муколама саҳми назаррас гузошта, дар таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.


Намояндаи Барномаи рушди СММ дар ҳузури вазири меҳнат
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Солеҳа Холмаҳмадзода бо Намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Судипто Мукерҷи мулоқот кард.
Ҷонибҳо вазъи кунунии робитаҳои мутақобилан судманд ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Вазир бо мақсади баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ, махсусан миёни гурӯҳҳои осебпазир, такмили низоми омодасозии касбӣ, бозомӯзӣ ва рушди малакаҳои рақамӣ мутобиқ ба талаботи муосири бозори меҳнат, инчунин, густариши ҳамкории бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ дар татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва экологӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур намуд, ки аз ҷониби Судипто Мукерҷи ҷонибдорӣ шуд.


«УСТУВОНАИ КУРУШ – АВВАЛИН ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР»
Конфронси илмӣ-назариявӣ дар Осорхонаи миллӣ
Конфронс бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки донишмандону олимон, нависандагон ва пажӯҳишгарони ватанӣ баргузор шуд.
Директори Осорхона Зафаршо Иброҳимзода зикр намуд, ки Устувонаи Куруши Кабир аҳамияти илмӣ ва таърихии сатҳи ҷаҳонӣ дошта, аз ҷониби олимону сиёсатмадорони олам ҳамчун нахустин эъломияи ҳуқуқи инсон эътироф гардидааст.
Дар идома академик Юсуфшо Яъқубов дар мавзуи “Ақоиди Устувонаи Куруш аз Авасто сарчашма мегирад”, нависанда Бароти Абдураҳмон дар боби “Куруши бузург ва озодии дину эътиқод дар аҳди қадим”, директори нашриёти “Адиб” Раҳмоналӣ Мирализода дар мавзуи “Устувонаи Куруши Кабир – намоди адолат ва озодӣ” маъруза намуданд.

Санаи нашр: 23.04.2026 №: 75