ЭЪЛОМИЯИ ХУҶАНД. АҲАМИЯТИ САНАДИ ТАЪРИХӢ ДАР ТАҲКИМИ ДӮСТӢ БАЙНИ СЕ КИШВАР

27 апрел 2026, Душанбе
5


Дар қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи навбатии сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки шуроҳои ҷамъиятии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Ашт ва Мастчоҳ баргузор гардид. Мавзуи ҷаласа “Моҳияти шартномаҳои марзӣ бо кишварҳои ҳамсоя имзошуда ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон” унвон дошт.
Ҷаласаро муовини раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода ҳусни оғоз бахшида, аҳамияти муҳими санади мазкурро таъкид намуд. Зикр гардид, ки 31-уми марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки сарварони се кишвари дӯст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Шавкат Мирзиёев ва Садир Жапаров Эъломияи Хуҷанд ба имзо расид, ки он ҳамчун рамзи дӯстии абадӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва иродаи сиёсӣ барои таҳкими сулҳу субот дар минтақа арзёбӣ мегардад.
Шӯҳрат Азиззода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, вобаста ба аҳамияти муайян намудани марзҳои давлатӣ суханронӣ намуда, зикр кард, ки шартномаҳои марзии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, инчунин Эъломияи Хуҷанд, аз дастовардҳои муҳими соли 2025 ба ҳисоб рафта, барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ заминаи устувор мегузоранд.
Муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозим Иброҳимзода оид ба натиҷаҳои саммити сеҷониба ва густариши ҳамкориҳо дар минтақа суханронӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки ин раванд ба рушди бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, роҳҳои нақлиётӣ ва парвозҳои ҳавоӣ мусоидат намуда, ба афзоиши равобити тиҷоратӣ ва сайёҳӣ такони ҷиддӣ бахшидааст. Аз ҷумла, дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз 235 ҳазору 663 нафар сайёҳ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфтааст.
Сардори раёсати Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зубайдулло Алихонов оид ба аҳамияти таърихии ҳалли масъалаҳои марзӣ изҳори назар кард.
Дар анҷоми ҷаласа, ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Содирзода ва раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода оид ба аҳамияти таърихии Эъломияи Хуҷанд ва нақши он дар таҳкими сулҳу субот ва ҳамгироии минтақавӣ андешаҳои худро баён намуданд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 23.04.2026 №: 75