АСРОРИ ҶАВОНӢ. ТАВСИЯҲОИ ҶАҲОНГАРДИ ТОҶИК БА МАРДУМИ САЙЁРА

27 апрел 2026, Душанбе
4


Олимони соҳаи тиб зимни таҳқиқоти зиёд ба хулосае омадаанд, ки пиёдагардӣ дар солимии ҷисм нақши муҳим бозида, боиси дарозумрӣ мегардад. Варзишгар ва ҷаҳонгарди шинохтаи тоҷик Абдулазиз Раҷабов бо вуҷуди 77-сола буданаш ҳамарӯза зиёда аз 10 000 қадам роҳ мегардад. Ӯ, ки дар гузашта сарҳадбон, варзишгар ва мураббии гӯштини тарзи озод буду ба садҳо нафар гӯштингирони диёр ҳаққи устодӣ дорад, чанд сол боз ҳамчун сайёҳи шинохта сиёсати сулҳҷӯёнаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва манзараҳои зебои кишвари офтобиамонро дар кишварҳои гуногун муаррифӣ мекунад.
Дар бораи ин қосиди сулҳу дӯстӣ дар бисёр сомонаю расонаҳои хабарии ҷаҳон, аз ҷумла “travel.rambler.ru”, “azattyqasia.org”, “Голос СНГ”, “centre1.com”, “myseldon.com.ru”, “currenttime.tv”, “golosislama.com”, “votpusk.ru” ва ғайра маълумоти зиёд дода шудааст. Дар ҳар мамлакат рӯзноманигорон бо ӯ мусоҳиб шуда, дар бораи аҳамияти варзишу ҷаҳонгардӣ, расму оинҳои мардуми мо ва мавзеъҳои сайёҳии кишварамон пурсон мешаванд.
– Пиёдагардӣ яке аз воситаҳои беҳтарини рафъи хастагӣ ва мубориза бо танбалӣ ба шумор меравад. Имрӯз на ҳама имкони ба толори варзиш рафтан ва ё дар хона харидану насб кардани васоили варзиширо доранд. Аммо субҳгоҳон дар ҳавои кушод пиёда сайругашт кардан ягон маблағ талаб намекунад, танҳо каме шавқу рағбат лозим асту бас, – мегӯяд Абдулазиз Раҷабов.
Ба андешаи ӯ як бартарии дигари пиёдагардӣ дар он аст, ки дар ин намуди варзиш хатари афтодану ҷароҳат бардоштан қариб, ки вуҷуд надорад. Дар футболу баскетбол, волейбол, гӯштингирӣ, давидан ва дигар намудҳои варзиш эҳтимолияти осеб бардоштан бештар аст. Сайр дар ҳавои тоза, инчунин, беҳтарин усули раҳоӣ аз стресс ва афсурдаҳолӣ мебошад.
Солҳои тулонӣ Абдулазиз Раҷабов ба Байтулмуқаддас, кишварҳои Аврупо ва мамолики Осиё пиёда сафар намуда, бо шахсиятҳои намоёни зиёде, аз ҷумла собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод, варзишгарони маъруф Роналду, Ҳабиб Нурмагамедов мулоқот карда, меҳмони ҳунарпешаи шинохта Амитабҳ Баччан шудааст.
Ба ҳар давлате, ки қадам гузошта бошад, табиату иқлими Тоҷикистонро васф ва сулҳу варзишро тарғиб намудааст.
– Ба шарофати пиёдагардӣ нисфи ҷаҳонро дидам. Аз ин рӯ, ҳамватанонамонро даъват мекунам, ки ба хотири солимии ҷисму руҳ ба пиёдагардӣ машғул шаванд, – хулоса намуд Абдулазиз Раҷабов.


Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 23.04.2026 №: 75