«СУҒД – ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ»

27 апрел 2026, Душанбе
2


16-17-уми апрели соли 2026 дар шаҳри Хуҷанд Форуми сеюми байналмилалии сайёҳии «Суғд – чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим» баргузор гардид. Чорабинӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дастгирии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, беш аз 500 намоянда аз 9 кишвари ҷаҳонро ба ҳам овард.
Дар Форум масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи сайёҳӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки вилояти Суғд дорои захираҳои бойи таърихиву фарҳангӣ ва табиӣ буда, метавонад барои рушди сайёҳии дохиливу байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Салимзода дар баромади худ таъкид кард, ки шаҳри Хуҷанд ҳамчун яке аз марказҳои бостонии Осиёи Миёна дар рушди тиҷорату фарҳанг ва илм нақши муҳим мебозад. Ба гуфтаи ӯ, мероси ғании фарҳангӣ, анъанаҳои миллӣ ва ёдгориҳои таърихӣ омили асосии ҷалби сайёҳон ба шумор мераванд.
Консули генералии Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷанд Сергей Ланкин аз имкониятҳои фарохи сайёҳии Тоҷикистон ҳарф зада, иброз дошт, ки дар сурати истифодаи комили имкониятҳо Тоҷикистон метавонад ба минтақаи дӯстдоштаи сайёҳии ҷаҳон табдил ёбад.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия Сергей Иванов зимни суханронии хеш ташаббуси Тоҷикистонро дар баргузор намудани Форум шоистаи таҳсин арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки дар ин замина равобити Тотористон ва Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ боз ҳам густариш хоҳад ёфт.
Дар қисми расмии Форум, инчунин, намояндагони кишварҳои иштирокдор ва коршиносони соҳа суханронӣ намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ иштирокдорон аз Қалъаи Хуҷанд боздид карда, бо намунаҳои санъати миллии меъморӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла кандакорӣ, наққошӣ ва дигар навъҳои ҳунарҳои суннатӣ, шинос шуданд.
Дар доираи Форум намоишгоҳҳои маҳсулоти ҳунармандӣ, аксҳои сайёҳӣ ва таомҳои миллӣ ташкил гардида, ҳамчунин, сафарҳои шиносоӣ ба мавзеъҳои таърихию табиии минтақа баргузор шуданд.
Давоми ду рӯзи кори хеш Форуми сеюми байналмилалии сайёҳии «Суғд – чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим» ба таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди ширкатҳои сайёҳӣ ва тавсеаи хатсайрҳои нави туристӣ мусоидат кард.


Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 24.04.2026 №: 76