РОШТҚАЛЪА. БОЗ ЯК ПАРКИ ТЕХНОЛОГӢ БУНЁД МЕГАРДАД

27 апрел 2026, Душанбе
5


Дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъа корҳои созандагӣ авҷи тоза гирифтаанд. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо раванди корҳои бунёдкориву созандагӣ дар ин минтақаи дурдасти кишвар аз наздик шинос шуд.
Яке аз нуқтаҳои меҳварии боздид шиносоӣ бо раванди бунёди Парки дуюми технологӣ дар ноҳия буд. Парк аз 9 корхонаи истеҳсолӣ иборат буда, ба коркарди ангат, обҳои ташнагишикан, истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, мебелсозӣ, маҳсулоти гӯштӣ ва тайёр намудани дару тирезаҳои чӯбӣ нигаронда шуда, барои рушди соҳаи саноат дар ноҳия ва таъсиси ҷойҳои нави кор заминаи устувор мегузорад.
Зимни боздид ва мулоқот бо бинокорону масъулони ноҳия раиси вилоят таъкид намуд, ки таъсиси чунин марказҳои саноатӣ дар ноҳияҳои кӯҳистон яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар дар самти саноатикунонии босуръат ба шумор меравад. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки дар ҳар гӯшаву канори мамлакатамон корҳои созандагиву бунёдкориро вусъат бахшидан зарур аст, зеро бунёдкорӣ на танҳо ба рушди кишвар мусоидат мекунад, балки ҷойҳои нави кориро барои сокинони маҳал фароҳам меорад. Дар ин раванд ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи махсус равона намудан зарур аст, зеро ҳар иншооти навбунёд бояд даҳсолаҳо ба мардум хизмат расонда тавонад.
Мавриди зикр аст, ки моҳи сентябри соли гузашта бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия Парки технологии якум бо 6 коргоҳи хурди саноатӣ мавриди истифода қарор дода шуда буд.
Раиси ноҳияи Роштқалъа Лашкар Сафарзода, ки раиси вилоятро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекард, бо хушнудӣ изҳор дошт, ки сафарҳои пайвастаи раиси вилоят ба ноҳия аз он шаҳодат медиҳанд, ки ноҳияи Роштқалъа зери таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти кишвар ва вилоят қарор дошта, корҳои ободонӣ дар ин минтиқаи дурдасти кишвар низ ривоҷ ёфтаанд. Ҳамасола ба ин мақсад аз буҷети кишвар ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ маблағҳои зиёде равона мегарданд. Дар ҷавоб ба ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сокинони ноҳия дар ободонии ноҳия ва пешрафти кишвари азизамон саҳми муносиб мегузоранд.


Раҳмони ГУЛЗОР, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 24.04.2026 №: 76