ВМКБ. ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛ

29 апрел 2026, Чоршанбе
0


Дар ҷаласаи васеи назди раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар семоҳаи аввали соли 2026 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Муовини раиси вилоят Мусо Мирзозода зимни гузориш бо такя ба маълумоти оморӣ ва таҳлилҳои соҳавӣ таъкид кард, ки дар семоҳаи аввал маҷмуи маҳсулоти дохилии вилоят ба 282,6 миллион сомонӣ расида, суръати рушди воқеӣ 7,8 фоизро ташкил дод. Ин нишондиҳандаҳо аз устувории иқтисодиёти минтақа ва идомаи тамоюли мусбати рушд дарак медиҳанд.


Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 50,3 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра 8 корхона ва коргоҳи нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуда, дар ин замина 35 ҷойи нави кор таъсис ёфт. Рушди саноат, махсусан дар ноҳияҳои Роштқалъа ва Ванҷ, назаррас арзёбӣ гардида, суръати афзоиши истеҳсол мутаносибан 142 ва 138,4 фоизро ташкил додааст. Ин нишондиҳандаҳо ҳамчун қадами устувор дар самти татбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръат арзёбӣ шуданд.
Дар соҳаи кишоварзӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 113,7 миллион сомонӣ расида, афзоиши устувор дар ҳамаи самтҳо ба қайд гирифта шудааст. Зиёд гаштани саршумори чорвои калон, афзоиши истеҳсоли гӯшту шир ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ба беҳтар шудани таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат кард. Таъкид гардид, ки идомаи чунин тамоюл метавонад дар вилоят ба сатҳи баландтари худтаъминкунӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ мусоидат намояд.
Дар самти сохтмон ва инфрасохтор натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд. Дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1469 иншоот сохта ба истифода дода шудааст, ки 107,9 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Иншооти сохташуда ба рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, беҳтар гаштани шароити зиндагии аҳолӣ ва ободонии маҳалҳо мусоидат менамоянд.
Соҳаи маориф яке аз самтҳои калидӣ ва афзалиятнок ба ҳисоб рафта, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба роҳбарӣ гирифта, ба рушди он таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Дар давраи ҳисоботӣ дар ин самт дастовардҳои назаррас ба даст омаданд. Аз ҷумла, 434 хонанда дар олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок карда, 46 нафар ҷойи якум, 72 нафар ҷойи дуюм ва 97 нафар ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Дар Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 10826 нафар иштирок кард, ки 2062 нафараш ба даври дуюм роҳ ёфт. Дар озмуни “Шоҳномахонӣ” бошад, 19787 нафар иштирок намуда, 2177 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифт. Ҳамзамон, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша бунёди 48 муассисаи томактабӣ ба нақша гирифта шуда, дар 44-тои он корҳои сохтмонӣ оғоз гардидаанд.
Варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, 65 медал ба даст оварданд.
Рушди инфрасохтори сайёҳӣ идома ёфта, дар се моҳ 5645 сайёҳ ба вилоят ташриф овардааст, ки нисбат ба соли гузашта зиёд аст.
Дар маҷмуъ, нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят тамоюли мусбат дошта, дар самти рушди соҳаҳои калидӣ пешравиҳо назаррасанд.
Сипас, раиси вилоят ҳисоботи фишурдаи роҳбарони ҳамаи соҳаҳои калидӣ – андоз, молия, маориф, тандурустӣ, сохтмон, кишоварзӣ ва дигар сохторҳои дахлдорро шунид. Дар ин раванд фаъолияти ҳар як соҳа на танҳо аз рӯйи нишондиҳандаҳои оморӣ, балки аз рӯйи таъсири он ба сатҳи зиндагии аҳолӣ баҳогузорӣ карда шуд. Раиси вилоят ба масъалаи сифати иҷрои корҳо, масъулияти шахсии роҳбарон ва татбиқи саривақтии супоришҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид кард, ки ҳар як лоиҳаи инфрасохторӣ бояд ба манфиати воқеии аҳолӣ хизмат намояд.
Дар зимн, раиси вилоят камбудиҳои ҷойдоштаро зикр намуда, супориш дод, ки ҷиҳати бартараф кардани онҳо чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Дар фарҷом вазифаҳои мушаххас барои семоҳаи дуюми соли 2026 муайян гардиданд. Раиси вилоят изҳори боварӣ намуд, ки бо ҳамкории зичи сохторҳои давлатӣ ва дастгирии аҳолӣ нишондиҳандаҳои рушди вилоят боз ҳам беҳтар ва нақшаҳои созанда амалӣ хоҳанд шуд.


Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 28.04.2026 №: 78-79