ЧЕРНОБИЛ. БО ГУЗАШТИ ЧИЛ СОЛ АЗ ҲОДИСАИ ФАЛОКАТОВАР

29 апрел 2026, Чоршанбе
0


Расо 40 сол муқаддам, 26-уми апрели соли 1986 дар Неругоҳи барқи атомии Чернобил фалокате рух дод, ки дар таърихи башар яке аз мудҳиштаринҳо маҳсуб меёбад. Дар натиҷаи инфиҷор дар блоки чоруми истгоҳи Неругоҳ дар наздикии шаҳри Припяти вилояти Киев моддаҳои радиоактивӣ ба садҳо ҳазор километри мураббаъ паҳн шуданд. Ин фалокат ба қисмати миллионҳо нафар сокини Украина, Беларус, Россия таъсири манфӣ расонд. Дар бартарафсозии оқибатҳои он намояндагони кишварҳо аз тамоми шуравӣ, аз ҷумла сарбозони эҳтиётии Тоҷикистон ва сарбозоне, ки дар хидмати асосии низомӣ буданд, даъват шуданд.
Ихтиёриён ва одамони касбу кори гуногун на бо душмани зинда, балки бо душмани ноаёне меҷангиданд, ки моддаҳои радиоактивӣ ном доштанд. Аз ҷумла, радионуклидҳои йод ва сезий ба фазо бархоста, барои зиндагӣ сахт хатарнок буданд.
Дар бартарафсозии оқибатҳои садамаи Чернобил 6000 шаҳрванди Тоҷикистон иштирок дошт. Барои бартараф кардани оқибатҳои садама дар рӯзҳои аввал беш аз чил мошини оташнишонӣ, 300 корманди милитсия, инчунин, коршиносони илмӣ, муҳандисон ва кормандони соҳаи тиб сафарбар шуда буданд. Сипас, шумораи зиёди одамон ва техника ҷалб гардид. Дар семоҳаи аввали баъди садама 31 кас ба ҳалокат расид. Тайи 15 соли баъдӣ аз таъсири нурҳои радиактивӣ наздик ба 80 нафар фавтида, 134 кас ба бемориҳои гуногун мубтало шуданд.
Мардонагию шуҷоат ва фидокории садҳо ҳазор бартарафсозандаи оқибатҳои садамаи НБА Чернобил дар ёдҳо боқӣ хоҳанд монд, зеро онҳо ҳаёт ва саломатии худро зери хатар гузошта, паҳншавии минбаъдаи партовҳои ҳалокатовари радиоактивиро пешгирӣ карданд. Бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зарурӣ оқибатҳои садамаи Чернобил ҳамоно ба ҳаёти сокинони кишварҳои зарардида таъсири манфӣ мерасонанд.
Он солҳо бо таъсиси хазинаи махсус миллионҳо шаҳрвандони Иттиҳоди Шуравӣ дар бартарафсозии ин фоҷиа ёрӣ расондаанд, ки ҷойи ситоиш аст. Бояд зикр кард, ки он солҳо баҳри болидаруҳии бартарафсозандагони оқибатҳои садама аз кишвари мо дастаи рубобнавозони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ва гурӯҳи ҳунарии «Садбарг» аз шаҳри Ваҳдат (он замон ноҳияи Орҷоникидзеобод) ба ҷойи ҳодиса рафта, ҳунарнамоӣ карда буданд. Яъне, ҳатто аҳли ҳунар ҳам барои рафъи ин ҳодисаи мудҳиш ҷалб шудаанд.
Хушбахтона, то имрӯз ҳамасола аз тарафи Ҳукумати мамлакат дар баробари иштирокдорону маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанговарони интернатсионалист ба бартарафсозони садамаи Чернобил низ, ёриҳои тиббию иҷтимоӣ ва молиявӣ расонда мешаванд.
Зарардидагони ин фоҷиа аз пардохти андозҳои замин, амволи манқул ва қитъаи наздиҳавлигӣ озоданд. Ҳар сол 20 ва бештар аз ин фарзандони иштирокдорони ҳодисаи Чернобил тавассути квота ба макотиби олии мамлакат дохил мешаванд, ки натиҷаҳои ғамхории давлату Ҳукумат нисбат ба онҳо аст ва мо - иштирокчиёни бартарафсозии оқибатҳои садама умедворем, ки чунин дастгириҳо идома ёфта, минбаъд низ мавриди таваҷҷуҳ қарор хоҳем дошт.

Асадулло ФАЙЗУЛЛОЕВ,
раиси Ҷамъияти ибтидоии чернобилчиён дар ноҳияи Сангвор, маъюби гурӯҳи III

Санаи нашр: 28.04.2026 №: 78-79