ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Президенти Бразилия пешниҳод кард, ки ҷонибҳои даргир ба нишасти СММ даъват шаванд

Президенти Бразилия пешниҳод кард, ки ҷонибҳои даргир ба нишасти СММ даъват шаванд

24 май 2023, Чоршанбе
10
0
ТАСС. Роҳбари Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки  баргузории нишасти СММ оид ба вазъ миёни Россия ва Украинаро зарур мешуморад. 
"Дар СММ ин масъаларо баррасӣ намудан лозим аст. Дар тули панҷ моҳи президентии ман, касе маро ба ҷаласае дар СММ барои баррасии ин ҷанг даъват накардааст. Мо, масалан, метавонем ҷаласаи Ассамблеяи генералиро, ки моҳи сентябр баргузор мешавад, дар моҳҳои июн-июл баргузор намоем, то ин ки ҷанг дар Украинаро муҳокима созем", - гуфт Президенти Бразилия . Ба ақидаи ӯ, бояд дар чунин як чорабинӣ президентҳои Россия ва Украина Владимир Путин ва Владимир Зеленский барои суханронӣ даъват шаванд. Ба гуфтаи Лула да Силва, баррасии авзоъ дар Украина дар шакли G7 ва формати G20 мувофиқ нест, аз нигоҳи ӯ, бояд дар Шурои амнияти СММ баргузор гардад.
 
 
Михаил Мишустин бо як сафари расмӣ ба Чин рафт
 
Мир 24. Сарвазири Россия Михаил Мишустин вориди Шанхай шуд. Ин нахустин сафари расмии ӯ ба Чин ба ҳайси Сарвазири Федератсияи Россия аст.
Имрӯз Мишустин дар ҷаласаи пленарии бизнес-форуми Россияву Чин суханронӣ намуда, ба Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии нафту химияи Шанхайи корпоратсияи Sinopec ташриф оварда, бо намояндагони доираҳои тиҷоратии Россия мулоқот хоҳад кард. Сарвазири Россия баъдан ба Пекин меравад ва қарор аст дар он ҷо бо Си Ҷинпин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, вохӯрад.
 
Эрдоган ва таҳияи Конститутсияи нави Туркия
 
Известия. Реҷеп Тайип Эрдоган, Президенти Туркия,   гуфт, ки яке аз вазифаҳои аслии маъмурияти ӯ таҳия ва тасвиби Конститутсияи нави ҷумҳурӣ боқӣ мемонад. Тавре Эрдоган зикр кард, Конститутсияи кунунии Туркия бояд «аз мероси» замони пас аз табаддулоти низомии соли 1980 озод шавад. 
Ба гуфтаи Роҳбари Туркия, агар ӯ дар интихоботи президентӣ пирӯз ояд, кишвар "ба куллӣ дигаргун мешавад" ва "ба оянда ба таври дигар менигарад".
 
 
Мулоқоти Президенти Қазоқистон бо Президенти Сингапур  
 
Мир 24. Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар Остона бо Президенти Сингапур Ҳалима Яъқуб мулоқот кард. Сарварони давлатҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузориро баррасӣ намуданд.
«Ҳаҷми умумии сармоягузории Сингапур ба иқтисоди Қазоқистон аз 1,4 миллиард доллари ИМА гузашт. Сарфи назар аз таконҳои иқтисодӣ ва пандемия, соли гузашта ҳаҷми тиҷорати мутақобила ба 2 миллиард доллар наздик шуд. Фикр мекунам, ки хеле натиҷаи хуб аст”, - гуфт Токаев.
Ҳалима Яъқуб, дар навбати худ, сатҳи баланди муколамаи сиёсӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишварро зикр кард. Вай таъкид намуд, ки сафари ӯ нахустин сафари Президенти Сингапур ба Қазоқистон ва Осиёи Марказӣ мебошад.
Санаи нашр: 23.05.2023 №: 108
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив